Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Вазъ ва мушкилоти таълими фанни мантиқ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар конференсияи байналмилалӣ олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷи мамлакат иштирок ва маъруза намуданд.
Дар конференсия пешниҳод карда шуд, ки барои рушди воқеии фанни мантиқ якчанд тадбири қатъӣ андешида шавад. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки дар назди кафедраи донишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази мантиқшиносӣ ташкил карда шуда, ба он мутахассисони соҳа ҷалб карда шаванд, то ин маркази мантиқшиносӣ барои ҳамаи донишгоҳҳои мамлакат пойгоҳи асосии мантиқиро ташкил диҳад. Ҳамзамон таклиф пешниҳод шуд, ки фанни мантиқ дар дигар муассисаҳои таълимӣ: мактабҳои миёна ва миёнаи махсус, литсею коллеҷҳо амалӣ карда шавад.
Иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ ба қароре омаданд, ки чунин ҷамъомадҳои воқеан муҳим ва зурурӣ дар бахши таҳкими илмҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла фанни мантиқро ба ҳукми анъана дароварда, барои пешрафти илми ватанӣ тадбир андешанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






