Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба таҳияи омори расмӣ дар раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани осебпазирӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба муқобили тағйироти иқлим тадбирҳо амалӣ карда мешаванд. Агентии омор барои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 «Дар бораи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бобати таҳияи омори расмӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим корҳоро пеш мебарад.
Иттилоъ дода шуд, ки Агентии омор ба вазорату идораҳо барои таҳкими ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, баланд бардоштани савияи дониш ва қобилияти зеҳнии кормандон, инчунин таъсиси инфрасохтори устувори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ маълумоти оморӣ пешниҳод менамояд.
Дар ҷаласа таҳияи омори расмӣ барои қабули қарор дар бораи тағйирёбии иқлим, банақшагирии ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумот, муайян намудани нишондиҳандаҳои ченкунии иқтидори миллӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он баррасӣ шуданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






