1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН. Кӯдакон сарвати бебаҳо ва фардои дурахшони миллатанд

Июнь 1, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҳамасола дар аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар андозем, мебинем, ки бори нахуст бо қарори Анҷумани Шурои федератсияи байналмилалии демократии занон Рӯзи байналмилалии кӯдакон пешниҳод гардид ва Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббусро дастгирӣ намуд. Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1989 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд ва он аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ буд, ки аз ҳуқуқҳои кӯдак дифоъ менамуд. Конвенсия дар заминаи принсипҳои бунёдӣ: таъмини манфиатҳои кӯдак, ҳуқуқ ба зистан, манъи табъиз, рушд ва ҳуқуқ ба шунида шудан асос ёфта, ба ин васила ҳуқуқҳои кӯдакон бояд таъмин карда шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин  Конвенсияро соли 1993 ба тасвиб расонд. Инчунин Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф намуда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрӣ – ҳуқуқии ҷумҳуриро бо муқаррароти онҳо ҳамоҳанг намуд.

Дар Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳифз карда мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  таъсис ёфтани Комиссия дар бораи ҳуқуқи кӯдак аз ин ҷумла аст. Дар баробари ин Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак барои солҳои 2003-2010 ва Стратегияи миллӣ оид ба саломатии кӯдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015 қабул гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синнусолӣ давлати ҷавон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти оморӣ, беш аз 35 фоизи аҳолии мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд, ки бевосита таҳти ғамхории ҳамешагии давлат қарор доранд. Азбаски Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ аст, барои ҳифзу ҳимояи иҷтимоии кӯдакону наврасон вазифадор низ мебошад.

Дар Эъломияи ҳуқуқи башар омадааст, ки «кӯдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикрияш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад». Дарвоқеъ, кӯдакон аъзои комилҳуқуқи ҷомеа буда, ба зистан, таҳсил, фароғату истироҳат ва ҳимояи манфиатҳояшон ҳуқуқ доранд. Дар баробари ин, кӯдакон ҳуқуқ ба он доранд, ки бояд дар оила, якҷо бо падару модар зиндагӣ кунанд. Кӯдакон ба ғамхории ҳамешагӣ ниёз доранд ва маҳз калонсолон барои бароварда сохтани ниёзҳои онҳо масъул мебошанд.

Ҳуқуқ ба таҳсил муҳимтарин ҳуқуқи кӯдак буда, дар ин маврид дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 16, банди 4 чунин омадааст: «Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот ҷалб намудани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ҳатмист». Инчунин дар моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» гуфта шудааст, ки кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти умумии миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад». Дар моддаи 45-и ин қонун омадааст, ки «кӯдаки маъюб ба ҳаёти мукаммал дар шароите, ки шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, барои фаъолона дохил шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ба ӯ мусоидат мекунад, бо кӯдакони солим ҳуқуқи баробар дорад».

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо ид аст, балки айёмест, ки насли калонсолро ҳушдор медиҳад, то фаромӯш насозанд, ки масъулияти солимӣ, рушду инкишофи ҳаматарафа, тарбияи маънавию зеҳнии кӯдакон, шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо чӣ дар оила ва чӣ дар мактаб, рушду такомули эҷодӣ ва омода намудани онҳо ба зиндагии оянда бар дӯши мост.

Ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт, саломатии кӯдак вазифаи муҳими давлат буда, дар ин самт ҳамкории байналмилалии Ҳукумати ҷумҳурӣ хеле рушд ёфта, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар самти мусоидат ба таъмини риояи ҳуқуқҳои кӯдакон ба таҳсил, истироҳат, саломатӣ ва амалӣ намудани барномаву стратегияҳо равона гардидааст. Бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ ва принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак қонунгузории ҷумҳурӣ пайваста такмил меёбад.

Кӯдакон сарвати бебаҳо, ояндаи осудаву обод, умед ба фардои неки миллату давлат маҳсуб мешаванд. Ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи ҳар шахс, оила, мактаб, ҷомеа ва давлат аст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, барои кӯдакон бояд падару модар ва калонсолон намуна бошанд. Дар оила омӯзишро ба роҳ мондан замина барои омӯзиш ба мактаб аст. Кӯдакон, ки беҳтарин неъматанд, дар роҳи омӯзиш ҳеҷ чизро аз онҳо бояд дареғ надошт. Кӯдаконро бо меҳру самимият бояд парвариш намуд ва рушди маънавии онҳоро дар ҷойи аввал гузошт. Барои рушду ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдак ӯ бояд дар фазои меҳру муҳаббат, байни шахсони наздик ва дилсӯзу меҳрубон ба камол расад ва маҳз онҳо метавонанд барои кӯдаконро ба ҳаёти мустақилона ва узви комилҳуқуқи ҷомеа гаштан омода созанд, барои ташаккули маънавӣ, ахлоқӣ, зеҳнию ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо шароити мусоид фароҳам созанд.

Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо барои кӯдакон ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то бачагии хушбахтона дошта бошанд.

Бунафша ҒАНИЕВА,
дотсенти кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 1, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»
КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст
Ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли помидор фишори хунро муътадил нигоҳ медорад
Ваҳдати миллӣ – ҳифзи он рисолат ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад
Ташаббусҳои Пешвои миллат рушди ояндаи мамлакатро муайян мекунад