Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»

Июнь 23, 2025 14:21

ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ибораи «Ваҳдати миллӣ» дар зеҳни мардуми Тоҷикистон ва нафароне, ки ба таърихи солҳои соҳибистиқлолии мамлакатамон ошноанд, тасаввуроти гуногунро ба вуҷуд оварда, то ҳанӯз хотироти як давраи пурфоҷиаро аз пеши назарҳо мегузаронад. Вобаста ба ин масъала мақолаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзодаро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Барои насли нав ва наслҳои минбаъда ин мафҳум бояд чӣ гуна шарҳ дода шавад ва то куҷо мафкураи ҷомеа омода аст Ваҳдати миллиро на ҳамчун як марҳилаи баъдиҷангӣ, балки ҳамчун омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ барои ҳамаи давру замонҳо қабул намояд?! Ба ин хотир, дар нигоштаи мазкур кӯшиш кардем, ки то андозае Ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши фавқулодда муҳим дар низоми давлатдорӣ, аз дигар паҳлуҳо низ баррасӣ карда, аҳаммияти беназири онро барои ояндаи устувори мамлакат баён намоем.

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо аҳаммияти сиёсиву иҷтимоӣ, балки аҳаммияти ҳаётӣ дошта, дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи ин халқи тамаддунофар гардидааст. Ин мафҳум муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, устувории давлатдорӣ ва дар маҷмуъ, рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ифода мекунад.

Агар ба фарҳанги миллиамон назар андозем, дар тамоми марҳилаҳои таърихии он ваҳдат ҳамчун рамзи бақо ва устувории миллат буда, мафҳуми Ваҳдати миллӣ дар заминаи эҳтиром ба фарқиятҳои гуногун миёни намояндагони он ҳамеша ба ҳайси омили муттаҳидсоз хизмат намудааст.

Халқи тоҷик дорои таърихи чандинҳазорсола мебошад, ки дар тули он мардум бо арзишҳои миллӣ ва ҳамбастагӣ зиндагӣ карда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ба чандин таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва диниву мазҳабӣ дучор гардидаанд. Агар мо давраҳои начандон дури ин таърихро пеши рӯ орем, ба хубӣ дарк менамоем, ки дар поёни даврони шуравӣ ва махсусан, баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат мураккаб гардид.

Дар солҳои навадуми қарни гузашта Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд, ки боиси талафоти зиёд ва ноамнӣ гардид. Ин ҷанг таҳдиди ҷиддӣ барои истиқлолияти кишвар буд. Аммо бо ҷасорату ҷавонмардӣ ва азхудгузариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми аҳли ҷомеа бори дигар дар фазои мамлакати тозаистиқлоламон оҳанги сулҳу ваҳдат танинандоз гардид. Ин намунаи барҷастаи ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон гардида, бори дигар нишон дод, ки маҳз муттаҳидии ҷомеа пояи суботу пешравӣ аст.

Истиқлолият ва суботи сиёсӣ бе Ваҳдати миллӣ наметавонанд вуҷуд дошта бошанд. Зеро ҷомеа наметавонад бо низоъҳо ва ҷудоии аъзои он устувор ва пешрафта бошад, балки ин ҳадаф танҳо тавассути ҳамдилӣ ва ваҳдати комил метавонад ба даст ояд. Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои маънавӣ ва иҷтимоиест, ки дар он эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқи он, новобаста аз фарқиятҳои иҷтимоӣ, дар мадди аввал қарор дорад. Ин арзиш ба ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфта, ҷомеаро ба як маъвогаҳи сулҳу оромӣ табдил медиҳад, ки дар он арзишҳои умумибашарӣ ба ҳам меоянд.

Бо вуҷуди комёбиву пешрафтҳо дар муттаҳидии мардуми мамлакат, бо тағйир ёфтани авзои сиёсии ҷаҳон ва таъсири ногузири он ба мафкураи ҷомеа, имрӯз Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо таҳдидҳои гуногун, ба мисли экстремизм, терроризм, таассубу хурофот ва бегонапарастӣ низ рӯбарӯ аст. Ин хатарҳо метавонанд боиси танишу ноамниҳо дар байни ҷомеа гарданд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа бояд бо ҳамдастӣ ва ҳамдилии бештар бо дарки маърифати баланди сиёсиву фарҳангӣ ба муқобили ин таҳдидҳо мубориза баранд.

Дар моварои равандҳои ҷаҳонишавӣ, таҳаввулоти иҷтимоию сиёсӣ ва хатари аз байн рафтани давлатҳои соҳибистиқлол, мавзуи Ваҳдати миллӣ ба як унсури тақдирсоз ва ҳаётан муҳим дар ташаккули давлат ва ҷомеа табдил ёфтааст. Айни замон иртиботи байни миллатҳо бо суръати кайҳонӣ рушд карда, арзишҳои миллии ҳар давлат бештар дар пайванд бо арзишҳои умумибашарӣ шакл гирифта истодаанд. Дар чунин шароит, Ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури ниҳоят муҳим барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат мекунад.

Ваҳдати миллӣ на танҳо рукни сиёсӣ, балки омили муҳимми рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад. Суботи сиёсӣ ва ваҳдати ҷомеа шароити мусоидро барои ҷалби сармоягузорӣ, рушд ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум фароҳам меорад. Бе Ваҳдати миллӣ наметавон дар ҳеҷ як ҷомеае муҳити муносибро барои рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзои ҷомеа ба вуҷуд овард.

Дар даврони муосир дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ Ваҳдати миллӣ ҳамчун нишондиҳандаи субот ва устувории дохилӣ нақши муассир дорад. Ягонагии халқу давлат эътимоди байналмилалиро дар муносибат бо Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд менамояд, зеро ин омил бо суботи дохилӣ ва муттаҳидии миллӣ зич алоқаманд аст. Дар ин росто, Тоҷикистон метавонад маҳз бо ягонагии халқу давлат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам созад, ташаббусҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ кунад ва муносибатҳои созандаро бо тамоми давлатҳо ба роҳ монад.

Аз нигоҳи мо, омӯзиши таърих ва арзишҳои миллӣ метавонанд пояҳои Ваҳдати миллиро мустаҳкамтар намоянд. Тавре пештар ишора карда будем, ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои 1992-1997 идома дошт, яке аз давраҳои сангин ва таъсиргузор ба таърихи давлат ва ҷомеаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ин низоъ на танҳо ба талафоти ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ оварда расонид, балки худи мавҷудияти давлати навтаъсисро низ зери хатар қарор дод. Дар чунин вазъияти мураккаб ва ҳассос Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва роҳандозии сиёсати таъмини ягонагию якпорчагии давлат нақши ҳалкунандаро ба иҷро расониданд, ки на танҳо сабабгори хотимаи ҷанги таҳмилӣ гашт, балки барои таъмини минбаъдаи суботи сиёсӣ ва рушди устувори Тоҷикистон низ замина гузошт.

Дар вазъияти мураккаби даврони пасошуравӣ тақсими нобаробари қудрат, бесарусомонии сиёсии қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва дахолатҳои фаъоли беруна боис шуданд, ки вазъро ба сӯи низои мусаллаҳона майл диҳанд. Дар ин давра, давлати навтаъсиси мо ба халалдоршавии вазъи иқтисодӣ, камбуди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, гуруснагии аҳолӣ ва ноамниҳои густарда рӯ ба рӯ шуд, ки вазъияти сангину душвори иҷтимоӣ ва сиёсиро ба вуҷуд овард.

Барои бартараф кардани чунин мушкилот иродаи мустаҳками сиёсӣ, ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва сиёсати ягонагӣ дар сарварию роҳбарии давлат зарур буд. Маҳз дар чунин вазъияти ҳассос ва номуайяну мураккаб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти давлатдориро ба уҳда гирифтанд, ки он вақт ҳамагӣ 40 сол доштанд.

Ба андешаи сиёсатшиносон,  вазъи мамлакат дар ин вақт ба таври ҷиддӣ мураккаб буда, ҳар замон ба роҳбарияти давлат хатарҳои нав ба нав таҳдид мекард. Аз ин рӯ роҳбариятро зарур буд, ки бо иродаи мустаҳками сиёсӣ халқро атрофи ғояи Ваҳдати миллӣ муттаҳид карда, давлатро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳад. Ин аст, ки Сарвари мамлакат бо истифода аз хиради азалӣ ва маҳорату матонати хоссаи худ ба роҳбарии давлат оғоз карданд ва бо баёни шиоре, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» тавонистанд роҳ ба сӯи Ваҳдати миллиро боз карда, шуълаи умед ба сӯи ояндаи дурахшонро дар ниҳоди мардум равшан созанд.

Сиёсати сулҳофарӣ, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карданд, ба ин натиҷа расонид, ки тамоми қишрҳои ҷомеа ва гурӯҳҳои этникӣ, мазҳабӣ ва сиёсӣ бо ҳам муттаҳид гарданд. Ин роҳбари ҷавони давлат таъкид доштанд, ки бе Ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ рушди ҷумҳурӣ имконнопазир аст. Хушбахтона, ин сиёсат ҳамчун кафолати субот ва рушди устувор аз ҷониби мардум қабул гардид.

Бо мақсади таъмини ҳамгироии сиёсии давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими пояҳои конститутсионӣ ва рушди сохторҳои демократӣ аҳаммияти махсус доданд. Ин маънои онро дошт, ки тамоми қувваҳо ва гурӯҳҳо бояд дар доираи қонун амал кунанд ва баҳсҳои сиёсӣ танҳо бо роҳҳои осоишта ва солим ҳаллу фасл карда шаванд.

Сарвари давлат бо эътимоди бузург бо мақсади болобарии нақши маънавиёт ва фарҳанг дар таҳкими Ваҳдати миллӣ роҳандозии барномаҳои зиёди фарҳангӣ ва маънавиро оғоз намуданд. Тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди забон ва фарҳанг, такмили таълими онҳо дар ин самт нақши калидӣ доштанд. Аз муҳимтарин чорабинӣ дар ин давра, ки ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии сокинони мамлакат мусоидат кард,  таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён ва дар ин росто қомат афрохтани муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ дар майдони марказии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе буд.

Ташаббусҳо ва сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва баъд аз он барои таъмини сулҳ, барқарории Ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон ниҳоят муассир ва нишонрас буданд. Иқдомҳои Роҳбари давлат  дар барқарории сулҳу субот, таҳкими низоми давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи солим заминаи асосии рушди устувору босубот ва пойдории истиқлолияти давлатию миллӣ гардиданд. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни аслии давлат ва ҷомеа, ки Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандона ва ҳадафмандонаашон онро таҳким бахшиданд, имрӯз ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи муҳим барои барномаҳои рушд дар оянда боқӣ мемонад.

Ваҳдати миллӣ фазои мусоид фароҳам овард, ки арзишҳои давлатдории миллӣ ҳамчун нишонаи ҳастии миллат нигоҳ дошта шаванд. Бо шарофати ваҳдат насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихору эҳтиром аз мероси гузаштагон ба воя расида онҳоро ҳамчун қисми муҳимми зиндагии худ қабул мекунад.

Зиёиён ҳамчун қишри баруманд ва маънавии ҷомеа дар ин раванд нақши муассир ва ҳалкунанда мебозанд. Онҳо на танҳо ба пешрафти илму фарҳанг ва маънавиёт мусоидат  менамоянд, балки ҳамчун пайвандгари таърих, фарҳанг ва ҷомеа барои таҳкими Ваҳдати миллӣ хизмат мекунанд. Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи асосии зиёиён ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат аст. Зиёиён бо таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, нигоҳдории забон, адабиёт ва санъати миллӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди худшиносии миллӣ саҳми бузург мегузоранд. Дар ин раванд шароити беҳтарин барои таҳкими Ваҳдати миллӣ бунёди муҳити солими фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад, зеро фарҳанг омили муттаҳидсоз аст.

Аслан, зиёӣ ин тарғибгари арзишҳои волои инсонӣ, ҳамбастагӣ, муҳаббат ба Ватан ва эҳтироми байниҳамдигарии инсонҳо буда, бо фаросати баланд, андешаи созанда, назари нуктасанҷона ба ашёву зуҳурот ва ҳодисаву воқеаҳо, инчунин ташаббусҳои ҷасуронаву дурандешона аз дигарон фарқ мекунад.

Кормандони воситаҳои ахбори омма, хусусан фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти шароити муосири рушди техникаву технология дар шаклдиҳии мафкураи ҷомеа нақши муҳим доранд. Хеле хушҳолкунанда аст, ки зиёиёни мо пайваста аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷомеа талош меварзанд. Аз ҷумла, пас аз нашр шудани ду ҷилд китоби «Феҳристи бузургони тоҷик-форс» хонанда тавонист, ки дар онҳо ба чор забон, инчунин бо истифода аз QR-код ва сомонаи Wikipedia оид ба шахсияти ҳар яке аз бузургони илму адаб ва фарҳангу сиёсати тоҷику форс маълумот дарёфт намояд. Дар баробари ин, ба зиёиёни тоҷик зарур аст, ки доир ба шахсиятҳои мазкур пажуҳишҳои илмӣ анҷом дода, бо нашри онҳо танҳо дар матбуоти даврӣ маҳдуд нагарданд ва маҳсули эҷодашонро тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ паҳн намоянд. Бо ин роҳ мо метавонем ҳисси худшиносии миллии аъзои ҷомеаро боло бурда, Ваҳдати миллиро таҳким бахшем. Зеро майдони воситаҳои ахбори омма, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, имрӯз барои тарғиби арзишҳои Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии ихтилофҳои иҷтимоӣ хизмат мекунад.

Дар ҷомеа гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ — кишоварзон, ҳунармандон, донишмандон, табақаҳои миёна ва дигарон — ҳар яке бо нақши худ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳми муносиб дошта метавонанд. Ҳамкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои якдигар барои таъмини як фазои муттаҳид ва осоишта муҳим аст. Аз ин рӯ, Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки «Ваҳдати миллӣ наметавонад бе ҳисси масъулият ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа ба даст ояд».

Имрӯз дар Тоҷикистон дину мазҳаб на фақат рукни маънавии ҷомеа, балки рукни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошанд. Ҳамкории созанда байни дину мазҳабҳои мухталиф, аз ҷумла ислом, масеҳият ва дигар эътиқодҳо, инчунин, мазҳабу равияҳои муътадили дохили ин динҳо барои таҳкими ваҳдат ва пешгирии низоъҳои мазҳабӣ ҳамчун рукни муҳимми суботи миллӣ арзёбӣ мегардад.

Аз ҷониби дигар, тақвияти ҳама гуна шаклҳои маънавиёт ҳамчун роҳи таҳкими худшиносӣ ва эҳсоси масъулият ба рушди Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Арзишҳои миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми таърих ва фарҳанги куҳани худ аз ҷониби ҷомеа бояд ба шеваи васеъ тарғиб ва посдорӣ шавад. Ин равиш на танҳо ба тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ, балки ба таҳкими нуфузи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо рукни сиёсати дохилӣ, балки пояи сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ мебошад. Аз ин ҷост, ки бо эҳё ва таҳкими ваҳдат Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷиро дар тамоми самтҳо устувор ва бомуваффақият пеш барад. Дар натиҷаи ин ваҳдат ба ҳайси рамзи суботи миллӣ ва идораи дуруст дар муҳити байналмилалӣ шинохта шуд.

Вобаста ба ин зарур медонем, ки ба ду ҷанбаи муҳимми масъала — робитаҳои сулҳ дӯстона бо давлатҳои ҳамсоя ва нақши ваҳдат дар барқарорсозии нуфуз ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон бо овардани чанд намунае мушаххас назар кунем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни асосии суботи дохилӣ барои Тоҷикистон шароити устувор ҷиҳати таъсир гузоштан ба таъмини амнияти минтақа фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи стратегӣ ва геополитикии Осиёи Марказӣ қарор дорад, бо мамлакатҳои ҳамсоя — Узбекистон, Қирғизистон, Чин, Афғонистон марзи тулонии муштарак дорад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 1992-1997 амният ва суботи мамлакатро хароб намуда, ҳатто таҳдиди таҷдиди ҷанг ва ноустувориродар минтақа ба вуҷуд оварда буд. Аммо таъмини низому суботи дохилӣ ва таҳкими ваҳдат барои рушди равобити ҳамсоягӣ мусоидат карда, Тоҷикистон тавонист бо давлатҳои ҳамҷавор муносиботи сулҳ дӯстонаро барқарор намояд. Инчунин, пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тадриҷан қариб бо ҳамаи ҷумҳуриҳои ҷаҳон муносибати дипломатӣ барқарор намуд, ки ин аз як тараф, ба боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боис гашт ва аз сӯи дигар, ба рушди иқтисодии мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат намуд.

Ваҳдати миллӣ дар якҷоягӣ бо сиёсати муваффақи дипломатӣ сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар созмонҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи хоси худро пайдо кунад. Масалан, Тоҷикистон аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон дар ин ҷода тавонист дар муддати хеле кӯтоҳе аз як давлати аъзои қаторӣ дар созмонҳои ҷаҳонӣ ба ҷумҳурии ташаббускор табдил ёбад. Ин нуфуз дар баробари рушду густариши ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои гуногун дар ҷаҳон, инчунин барои Тоҷикистон имкони дастёбӣ ба сармоягузорӣ, технология ва мутахассисони навро фароҳам овард.

Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ноустувории солҳои аввали истиқлолият обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш дода буданд. Ваҳдати миллӣ ва сиёсати сулҳпарварона имкон дод, ки Тоҷикистон обрӯ ва эътимоди худро барқарор кунад. Ин амал дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун нишонаи кӯшишҳои бузурги давлат ва ҷомеа барои ба даст овардани субот ва рушди устувор пазируфта шуд.

Дар замони муосир, идеологияҳои ифротгароёна ва гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ба Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус, дар давлати мо ин таҳдидҳо дар шаклҳои гуногун эҳсос мешаванд. Қувваҳои ифротӣ бо истифода аз ноогоҳии баъзе гурӯҳҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон, талош мекунанд, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро халалдор кунанд.

Экстремизм ва терроризм на танҳо ба амнияту суботи дохилӣ таҳдид мекунад, балки барои амалисозии манфиатҳои баъзе давлатҳои минтақа хизмат карда, фаротар аз он, воситаи таҳриккунандаи мушкилот ва низоъҳо мегарданд. Ин гуна таҳдидҳо бар зидди арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоҷикон равона шудаанд ва метавонанд ба парокандагии иҷтимоӣ ва нобудшавии пояҳои ваҳдат оварда расонанд. Ҳамчунин, таҳдидҳои хориҷӣ, ки тавассути дахолати мустақим ё ғайримустақим дар умури дохилии мамлкат амалӣ мешаванд, метавонанд боис ба эҷоди мушкил дар ваҳдати саросарии мардум ва заиф гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гарданд. Аз ин рӯ, омодагӣ ва муқовимат ба чунин таҳдидҳо бо истифода аз механизмҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ як амри зарурӣ аст.

Барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани суботи давлат зарур аст, ки бо истифода аз механизмҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳама гуна таҳдидҳои идеологӣ, экстремизм, терроризм ва таъсири омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пешгирӣ карда шуда, тавассути сафарбар кардани неруи созандаи аҳли ҷомеа тамоми хатарҳо ба Ваҳдати миллӣ бартараф карда шаванд.

Маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ заминаи асосии фаҳмиши воқеии Ваҳдати миллӣ ва ё гузаштан ба ҳамдигарфаҳмии иҷтимоӣ мебошад. Бе маърифати сиёсӣ ва фарҳангии қавӣ, ҷомеа осебпазир ва таҳти таъсири гурӯҳҳои экстремистӣ ва ақидавӣ қарор мегирад. Барои пешгирӣ аз чунин натиҷаҳои ногувор моро мебояд ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳем:

  1. Тарғиби дониш ва огоҳсозии сиёсӣ: ҷомеа бояд дарк кунад, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо пояи амнияти мамлакат, балки омили рушди иқтисод ва бақои таърихии миллат аст. Дар ин самт роҳандозии корҳои ташвиқу тарғиботӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, бо истифодаи васеъ аз воситаҳои ахбори омма, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ бояд тақвият ёбад.
  2. Рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллии умумӣ: маънавиёт ва фарҳанг яке аз рукнҳои асосии ваҳдат мебошанд. Ҳифзи забон, адабиёт, анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ бояд ба ҳайси омилҳои ваҳдатофар қадр карда шаванд. Фаъолияти зиёиён, эҷодкорон ва аҳли фарҳанг бояд барои нигоҳ доштани ин арзишҳо тақвият ёбад. Аз ҷумла, зимни вохӯрии гурӯҳҳои корӣ дар деҳаву маҳалҳо зарур аст, ки намояндагони бахшу шуъбаҳои фарҳанг ҳангоми ҳунарнамоӣ, муаррифии китоби нави адибе ё шеъри тозаэҷоди шоире ва монанди инҳо ҳатман арзишҳои миллиро тарғибу ташвиқ созанд.
  3. Фаҳмондадиҳӣ ва муқовимат ба ақидаҳои ифротӣ: ҷомеа бояд бо ҳушёрӣ ва дониши сиёсӣ бо ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ, иғвоангез ва таблиғоти зидди давлат муқобилият кунад. Ба аҳли ҷомеа бояд фаҳмонда дода шавад, ки чунин ҳаракатҳо ба нобудшавии ваҳдат ва осеби ҷамъият оварда мерасонанд.
  4. Ҳамкории ҷомеа ва мақомоти давлатӣ: ҳамкории судманд байни аҳли ҷомеа ва мақомот асоси таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ ва эҳтироми якдигар метавон таҳдидҳоро ба таври муассир пешгирӣ кард. Имрӯзҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа дар таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.
  5. Ташаккули механизми муошират ва мубодилаи назарҳо бо аҳли ҷомеа: механизмҳои доимии муколама байни гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои мушаххаси иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат аллакай таҳия гардида, дар асоси нақшаҳои муайян дар як сол ду бор бо сокинони деҳаву маҳалҳо, омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, инчунин, бо иштирокчиёни фаъоли иттиҳодияҳои динӣ вохӯриву суҳбатҳои фарогир ташкил карда мешаванд. Дар ин раванд на танҳо ба мардум моҳияти масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ фаҳмонида мешавад, балки масъулон аз масъалаҳои мубрами ҷомеа огоҳ шуда, саривақт чораандешӣ мекунанд.
  6. Мубориза бо ҷараёнҳои ифротӣ ва иғвогар: ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа барои шинохт ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ, таблиғоти иғвогарона ва фаъолияти зидди ваҳдат муҳим мебошад. Мақомоти мазкур дар доираи барномаву стратегияҳои давлатӣ, хусусан, стратегияҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ аз коррупсия, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва монанди инҳо метавонанд бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ дар ин самт саҳм гузоранд.

Хулоса, дар се даҳсолаи охир Ваҳдати миллӣ ба давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор гузошта, барои рушду пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳамкории мунтазами ҷомеа ва мақомоти давлатӣ, мубориза бо таҳдидҳои экстремистӣ ва идеологӣ танҳо тавассути ҳамоҳангии ҳама гуна қишрҳо ва созмонҳои ҷомеа имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, дар ояндаи дуру наздик ҳам мардуми аз ҳар ҷиҳат худогоҳу ташаккулёфта ҳамчун қувваи асосӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ нақши калидӣ хоҳанд дошт.

Боварию эътимоди комил дорем, ки минбаъд низ тавассути ҷалби пурра ва мутамаркази аҳли ҷомеа метавон ба ҳифзи Ваҳдати миллӣ, таъмини суббот ва рушди устувори Тоҷикистон ноил шуд ва ба ояндаи дурахшон  устувор  қадам гузошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2025 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад
КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст
Ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли помидор фишори хунро муътадил нигоҳ медорад
Ваҳдати миллӣ – ҳифзи он рисолат ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад
Ташаббусҳои Пешвои миллат рушди ояндаи мамлакатро муайян мекунад
БАДАХШОН — ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин минтақаи кӯҳҳӣ садҳо километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ваҳдати миллӣ самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан аст»