Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?

Июнь 23, 2025 15:38

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ҳавои гарм мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, роҳсозонро мебояд ҳолати асфалтро назорат кунанд, то аз вайроншавии қабати болоии роҳ бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои дахлдори соҳа баргузор гардид, таъкид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳавои гарм қабати болоии роҳҳо метавонад зудтар вайрон шаванд, зеро ҳарорати баланди ҳаво ба гармшавии асфалт мусоидат мекунад ва боиси тағйири шакли он мегардад. Аз ин рӯ, роҳсозон бояд ҳолати пӯшиши роҳро пайваста назорат кунанд, то аз вайроншавии он бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.

-Мувофиқи стандартҳои мавҷуда, муҳлати кафолати қабати болоии пӯшиши роҳи мошингард вобаста ба шиддати ҳаракат дар он аз 2 то 8 солро ташкил медиҳад. Мутаассифона, қисматҳои алоҳидаи роҳҳои мо хеле зуд аз кор мебароянд, дар ин замина, сифати сохтмон ва таъмири роҳҳо яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа мебошад, -меафзояд сарчашма.

Мустаҳкамии пӯшиши роҳ бевосита аз масъулият ва сифати кори масъулин — роҳсозон, технологияҳои татбиқшаванда, иҷрои дурусти амалиёти техникӣ, истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои ҷудошуда вобаста аст.

Дар ин робита, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, инчунин корхонаю муассисаҳои соҳа барои пешгирии ин ҳолат вазифадор гардиданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт назорати қатъии вазну андозаи воситаҳои нақлиётро ба роҳ монад, зеро феълан маҳдудиятҳои мавсимӣ барои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои мошингарди истифодаи умумӣ амал мекунанд ва ҳаракати мошинҳои вазнин, ки зиёда аз 40 тонна борро интиқол медиҳанд, манъ аст. Инчунин Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо стандартҳои амалкунанда ва технологияҳои пешрафтаро, ки талабот ба лоиҳаи истеҳсоли корҳоро ҳангоми сохтмон, таҷдид, таъмири асосӣ ва истифодаи роҳҳои мошингард муқаррар намудаанд, риоя кунанд. Таҷҳизот, иншоот, маҳсулот ва маводро ба иншоот дар шакли комил (комплектӣ) таҳвил диҳанд:

– ҳангоми мумфарш намудани роҳ мавод ва иловаҳо, аз ҷумла қири (битуми) босифатро истифода баранд, омехтаҳои асфалтеро, ки махсус барои истифода дар шароити гарм пешбинӣ шудаанд, интихоб кунанд, риояи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зистро таъмин намоянд.

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо дар тӯли тамоми роҳҳои мошингаргард дар давоми сол (бо назардошти мавсим) маҷмӯи корҳо, аз ҷумла муоинаи мунтазам, даврӣ ва мавсимиро оид ба нигоҳубини роҳҳо ва инфрасохтори онҳо, пешгирӣ ва рафъи хисороти хурд, ташкил ва таъмини бехатарии ҳаракат, инчунин кабудизоркунии роҳҳо доир намоянд.

Дар ҷаласаи назоратӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеии вазорат инчунин супориш дода шуд, ки ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омода шаванд.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки : «дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои мошингард тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2025 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад