Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 иншоот сохта мешавад

Июнь 15, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 15.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бунёду навсозии 307 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни замон беш аз 200 иншоот сохта, ба истифода дода шуда, дар 94 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи « Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» сохтмони боз 256 иншооти дигар дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф бунёди -39 бинои муассисаи таълимӣ, соҳаи тандурустӣ — 15 бинои беморхонаву маркази саломатӣ ва варзиш -34 толору майдонҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия татбиқи лоиҳаи ҷорӣ намудани низоми электронии назорат ва баҳисобгирии неруи барқ ба маблағи 42 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба баланд бардоштани сифати таъминоти барқ ва кам кардани талафоти он мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар 15 соли охир ба аҳолии ноҳия 811 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, зиёда аз 3,5 ҳазор оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рашт 125 бинои нави таълимӣ барои беш аз 23 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки 11 апрели соли равон дар ин минтақа заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваст ва ба хоҷагии халқ хисороти зиёд расид. Дар 11 деҳаи деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон 150 хонаи истиқоматӣ осеб дид. Аз ҷумла, 34 хона пурра ва 116 хона қисман вайрон шуда, ба 134 хонаи истиқоматию 59 бинои ёрирасон зарари сабук расидааст. Ба зарардидагони зилзила аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо супориши махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрокаю масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор расида истодаанд.

Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ 34 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шудааст, биноҳои истиқоматии нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта мешаванд.

Ба 116 хонаи истиқоматии қисман вайроншуда, маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас шуда, аз ҷониби соҳибхонаҳо ва аҳолии ноҳия тариқи ҳашар биноҳои нав сохта мешаванд. Ба 193 оилае, ки зарари сабук дидааст, 2 маротиба маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт расонда шуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъои боз

Июнь 15, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад