Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард

Июнь 12, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Иёлоти Гуҷароти Ҳиндустон ҳавопаймои ба самти Лондон парвозкунанда, ки дар дохили он 242 нафар мусофир ва 12 узви экипаж ҳузур доштанд, суқут кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилотии Русия «Новости» хабар медиҳад, тибқи иттилои News18 дар ин ҳодиса на кам аз 133 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳавопаймо 169 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон, 53 нафар аз Британияи Кабир, 1 тан аз Канада ва 7 нафар шаҳрвандони Португалия ҳузур доштанд.

Тибқи изҳорот, осебдидагон ба наздиктарини беморихонаҳо интиқол дода шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 12, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд