Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи сарҳади давлатӣ, омодабошии ҷангӣ, тайёрии дастаҳои худмуҳофизати минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, муҳофизати иншооти муҳимми давлатӣ ва дигар омилҳои сарҳадотӣ дар Варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиавии ҳудудӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии баргузор намудани чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии иштирокунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-техникӣ ва қобилияти ҷангию ҷисмонӣ мебошад.
Иброз гардид, ки санҷиши омодабошии ҷангӣ, ҷалб ва мудофиаи ҳудудӣ баҳри сайқал додани таҷрибаву малакаи ҳайати шахсӣ, тақвият бахшидан ба ҳамоҳангии сохторҳои низомии шаҳр дар мавриди ба вуқуъ омадани хатарҳои эҳтимолӣ равона шудаст.
Таъкид карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, имрӯз қодир аст, ки манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намоянд. Бо баробари беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани ҷараёни корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ маҳорати касбию ҷангии сарбозон низ сайқал ёфта, сарбозону афсарони шуҷои Ватан сипари боэътимоди давлату миллат мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






