Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад

Июнь 10, 2025 13:31

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ховалинг имсол дар 615 гектар картошка кишт менамоянд. Дар ин минтақа кишти картошка то нимаи моҳи июн гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг иттилоъ доданд.

Ҳайати кории Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, бо вазъи риояи қоидаҳои агротехникаи парвариши ниҳолҳо ва рафти кишти картошка шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ аъзои  гурӯҳи корӣ ба кишоварзони ноҳия оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдода дар парвариши ниҳолҳо ва  зироат,  ҳамчунин доир ба роҳҳои ба даст овардани ҳосили фаровон  тавсияҳои муфид доданд.

Дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба иқлими минтақа парвариши картошка аз моҳи март оғоз гардида,  то 15 июн идома меёбад. Як мушкилоти кишоварзон – ин  кам будани заминҳои корами обӣ мебошад.

Дар ноҳияи Ховалинг   беш аз 500 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ дар баъзе минтақаҳо картошкаро барвақтар мешинонанд.

Бо мақсади истифодаи самараноки замин,  имсол кишоварзон дар байни дарахтон дигар  маҳсулоти кишоварзӣ  кишт намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг

Июнь 10, 2025 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад