Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад

ДУШАНБЕ, 23.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ваҳдат ва ваҳдати миллӣ гуногунҷанба буда, маҳз аз нигоҳи ҷомеашиносӣ яке аз масъалаи муҳим дар ҳамбастагии ҳамагуна ҷомеаҳо нақши муҳим дорад. Дар раванди бархурдҳои геосиёсии имрӯза, ки ҷаҳон аз ҷаҳони якқутба ба ҷаҳони бисёрқутба дар ҳоли шаклгирӣ мебошад, дар фаҳмиши консептиулии ин мафҳум бо дар назардошти консепсияҳои гуногуни он, зарурати бознигарӣ бо дарки воқеиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ пеш омадааст.
Маҳз чунин масъалагузорӣ аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари суханрониҳо ва вохӯриҳои доимӣ бо мардум матраҳ мешавад. Дар яке аз ин суханрониҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «мушкилоти глобалӣ ва мухолифатҳои геосиёсӣ, аз ҷумла муборизаи давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим кардани дунё, сарватҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард» ва дар натиҷа халалдор гардидани тартиботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ метавонад ба аҳли башар ва хусусан, барои давлатҳои хурд ва рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуш ва хатарнок ба бор оварад”.
“Вазъи баамаломада моро вазифадор месозад, ки боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, давлат, миллат ва Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, барои пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоем. Бо дарназардошти хатарҳои глобалии гуфташуда ва ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо мо бояд фаъолияти худро беш аз пеш густариш диҳем, ҳамеша бо мардум бошем, тамоми сохтору мақомот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли ҷомеаро ба ин самт сафарбар созем»,-хотиррасон намуданд Пешвои миллат.
Яъне, агар консепсияи ваҳдат дар ду даҳаи охири солҳои асри XX моро ба мавҷи раванди ҷаҳонишавӣ ҳамоҳанг мекард ва сохторҳои сиёисию иҷтимоии моро дар меъёрҳою арзишҳои якқутбӣ фаро мехонд, аммо дар даҳаи дуюми асри 21 тамоюли баръакси онро мо мушоҳида мекунем, ки дар шаклгирии ҷаҳони бисёрқутба масъалаҳо ва мушкилоту паёмадҳои сангинтареро ба миён овардааст ва дур нест, ки чунин раванд аз ин бештар печидатар ва бозиҳои пасипардагии он бо «қонунҳои нонавишта» пиёда карда шаванд. Дар ин ҳол дар фаҳмиши консептуалии ваҳдат низ вижагиҳо ва хусусиятҳои нав бо дар назардошти меъёрҳо ва арзишҳои ваҳдатофарин ба миён омадааст, ки бояд аз нав мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиранд.
Яъне, чи тавре, ки дар масъалагузории Пешвои миллат иброз шудааст, чунин вазъ «барои давлатҳои хурд ва рӯ ба инкишоф пайомадҳои нохуш ва хатарнок ба бор меоварад». Авҷ гирифтани бархурдҳои минтақвӣ боз ҳам кишварҳои дар ҳоли рушдро ҳам дар дохил ва ҳам аз берун фишор дода, манбаъҳои зиддият ва ихтилофҳоро метезонад.
Яке аз сарчашмаи чунин низоъҳо нисбат ба дигар асрҳои гузашта бештар дар замони мо аз роҳи расонаҳои хабарӣ, маҳз аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои иттилоърасонӣ бо ҳамдастии институтҳо ва марказҳои роҳбурдӣ маншаъ гирифта, ба ҳодисаю падидаҳои ҷаҳони имрӯза манфиатҳои худро мепӯшонанд, то ифодагари ҳадафҳо ва хостаҳояшонро амалӣ ва суръат бахшанд.
Чунин амалишавӣ ва фиребандагии воқеиятҳои маҷозию истиории воқеаю ҳодисаҳо моро водор месозад, ки бори дигар суханони Пешвои миллатро пеши назар оварем, ки доимо таъкид мекунанд «зиракии сиёсиро аз даст надиҳем». Воқеан ин таъкиди меъмори Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат моро бедортару ҳушёртар менамояд, то ба ҳарфу ҷаззобияти дурӯғпарокании душманони миллати худ ва бозингарони худбохтаи баъзе аз чоплусони дохилӣ зуд фирефта нашуда, тамоми афкору пайкори худ ва дигаронро мавриди шубҳа қарор диҳем, то дар тасмимгириҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба иштибоҳи камтар рӯ ба рӯ шавем.
Гарчанде ба вуҷуд овардани ваҳдати як ҷомеа яке аз вазифаҳои ҳамагуна низомҳои сиёсӣ мебошад, аммо дар раванди зудтағйирёбандаи таҳаввули ҷомеаҳои муосир, ин масъала беш аз ҳарвақта ниёз ба таҳлилу баррасии доимиро талаб мекунад. Маҳз ваҳдатофаринӣ яке аз масъалҳои муҳим дар ҳама давру замон боқӣ хоҳад монд. Албатта, унсурҳои ваҳдатофаринӣ дар тули таърих ба шаклҳои гуногун вуҷуд доштанд, аммо вобаста ба мавқеи геосиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ ва мазеъгириҳо фарқ доштанд. Ба таври рушан агар ин масъаларо матраҳ кунем, тақсимоти идеологию тамаддунии садсолаи охир, ки омили бавуҷудоварандаи давлатҳои имрӯзаи мо мебошанд, танҳо манфиатҳои геосиёсию идеологӣ ба ҳисоб гирифта шуда ва дар ин замина дастгоҳҳои идеологии бозингарони фароминтақвӣ бо ривоятсозии таърихнигорони худ бо сохтани ҳувияти таҳрифӣ манфиатҳои хешро пиёда сохтанд, ки то ба имрӯз таърихи гузаштаи сиёсию фарҳангии мо норӯшан боқӣ мондааст.
Доштани чунин мушкилоти ҳуввиятию идеологӣ яке аз омилҳои пош хӯрдани назми садсолаи ҷаҳонии дуқутба гардид, ки барои миллатҳои бузурги мутамаддини гузашта фурсат ва имконияте фароҳам оварда шудааст, то нисбат ба тамоми арзишҳои гузаштаи худ, ки дар қаринаи идеологияҳои бегона ва муҳоҷим шакл гирифта буданд, бознигарӣ ва худсозию худофарӣ намоянд.
Пешвои миллат ба дурустӣ ёдвовар мешаванд, ки «Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих – мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар як муддати кӯтоҳ шиддати ҷанг ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатбори рӯз табдил ёфта буд”.
Маҳз ба ҳамин хотир, барои мардуми кишвар ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.
Имрӯз ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои миллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.
Хулоса, ваҳдати миллӣ яке аз модели сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил карда, дар эъмори давлати миллии тоҷикон аҷзои таркибӣ ва қудратофариниро дорад, ки ба шакли иммунитети миллии мо хидмат мекунад.
Ёрмуҳаммад НИЁЗӢ,
доктори илмҳои фалсафа,
Файзалӣ МАҲМАДИЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон