Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 шуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими ҷавонони Узбекистон пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин бозӣ 16 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, 3500 тамошобинро ҷамъ овард. Вақти асосии рақобат мусовӣ — 1:1 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналти бозингарони мо муваффақ гардиданд — 4:2.
Бозии ниҳоии мусобиқаи CAFA-2025 байни тимҳои миллии Қирғизистону Эрон 17 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






