Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup», ки аз 29 август то 8 сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 28 июн CAFA расман баргузории дуюмин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои миллии мардонаро эълон кард.
«CAFA Nations Cup 2025» бо иштироки шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия доир мешавад.
Қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» 3 июл, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» дар Тошканд ва бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҳисор баргузор мешаванд.
Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», рақобатҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқот дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






