«ДАВРАИ ДОЛУ ЗАРБИ КОРИ КИШОВАРЗОН ФАРО МЕРАСАД». Иқтибосҳо аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашни Тиргон
ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон аст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии аз нав эҳё гардид. Ҷашни Тиргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои ориёитаборон маҳсуб меёфтааст. Чанд соли охир Ҷашни Тиргон низ дар феҳристи ҷашнҳои миллӣ сабти ном гардида, ҳамасола онро таҷлил мекунанд. АМИТ «Ховар» ба муносибати ҷашни Тиргон аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳо меорад:
***
Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.
***
Аз ин бармеояд, ки талошу кӯшиш барои истифода аз неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин ба хотири пурбаракат гардонидани дастархони ҳар як хонадон дар сиришти мардуми мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷой гирифтааст.
***
Имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад.
***
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд.
***
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.
***
Ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
***
Айёми ҷашнгирин Тиргон мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд. Дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона хурду бузург хурсандӣ мекарданд.
***
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад. Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад.
***
Суннати ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоем.
***
Ҷашни Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ аз наслҳои гузаштаи мо то ба имрӯз боқӣ мондааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






