Ду дастаи Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 иҷозатнома гирифтанд

Июнь 9, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати кишварҳоеро нашр намуд, ки дастаҳояшон барои иштирок дар мусобиқоти бошгоҳҳии мавсими нав ҳуқуқ доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, чемпиони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои иштирок дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 иҷозатнома гирифтанд.

Агар дастаи шаҳри Душанбе «Истиқлол» ҳунарнамоиро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқот оғоз кунад, пас бошгоҳи шаҳри Турсунзода «Резар-ТадАЗ» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ бояд бозии плей-офф анҷом диҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 9, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад