ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо ҳамсолони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, аз 18 то 24 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор силсилаи бозиҳои дӯстона байни дастаҳои олимпии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад.
18 июн мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 21 июн дар Ҳисор бозӣ байни тимҳои олимпии Қирғизистону Ҳиндустон баргузор мешавад. Ва ниҳоят, 24 июн дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам бозии дӯстона мегузаронанд.
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






