ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд

Июнь 24, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 13-уми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи «Талко-Арена»-и шаҳри Турсунзода хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳисоб дар дақиқаи 17-уми бозӣ кушода шуд. Дифоъгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода Осуман Қосим муаллифи худгол гардида, ҳисобро ба фоидаи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе боз намуд.

Дар дақиқаи 32-юми бозӣ капитани дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Алишер Ҷалилов ҳисобро ду ба сифр намуд. Дар дақиқаи 78-уми бозӣ Шарафҷон Солеҳов ягона голи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро ба нишон расонид.

Хотиррасон мешавем, ки 25 майи соли равон дар бозии Суперҷоми Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода зафар ёфта, унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд.

Ҳамчунин бозии дигари даври 13-уми Лигаи олӣ Чемпионати Тоҷикистон -байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи «Вахш-Арена»-и шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 5-уми бозӣ аз ҷониби дифоъгари дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар Сиёвуш Асроров кушода шуд. Дар дақиқаи 13-ум Тони Бикатал ҳисобро дуболо намуд. Артём Сердюк дар дақиқаи 66-уми бозӣ ягона голи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро ба ҳадаф расонид.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо 27 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи аввал аст.Дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо 27 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 24 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтааст. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бошад, бо 19 имтиёз дар зинаи панҷум аст.

Қобили тазаккур аст, ки дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият мувоҷеҳ нашудааст. Дастаи футболи «Панҷшер» танҳо дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо се имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум доир гардида истодааст, 12 даста иштирок дорад.

Мусобиқот дар ду марҳила барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имсол дар Лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид