Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид

Июнь 30, 2025 17:22

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гармо ба он оварда расонд, ки дар баъзе кишварҳо ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа боло рафт. Мақомот сокинонро даъват намуд, ки эҳтиёткор бошанд, зеро ҳавои хушк, шамоли сахт ва гармӣ сабаби сар задани сӯхтори ҷангал шуда метавонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Казинформ хабар медиҳад.

Дар ҳоле ки ҳарорати тобистонаи ҳаво дар тамоми Аврупо рӯ ба болоравӣ овардааст, минтақаҳои гуногуни қитъа бо сӯхтори сершумори ҷангал ва мавҷҳои гармои шадид рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар Туркия ҳарорат аз 40 дараҷа боло шудааст. Сӯхтори ҷангал дар Измир, Бурсо, Текирдоғ, Сакаре ва Одоно сар задаанд, ки ҳолати изтирориро ба вуҷуд овардааст.

Ҷиҳати мубориза бо сӯхтор гурӯҳҳои оташнишонии ҳавоӣ ва заминӣ сафарбар карда шудаанд. Ин ҳолат дар Одоно ба фоҷеа оварда расонд-ҳавопаймои оташнишонӣ ҳангоми кӯшиши гирифтани об аз наздиктарин сарбанд ба садама дучор гардид. Айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотбахшӣ идома доранд.

Дар Юнон бештари сокинон ба соҳили баҳр мераванд, зеро дар кишвар аввалин гармои шадид дар соли равон сар задааст.

Гармо то 4 июл шиддат гирифта, дар дохили кишвар то ба 40-41 дараҷа мерасад ва то охири рӯзҳои истироҳат идома хоҳад ёфт.

Сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ дар Испания ва Португалия низ ба ба гармо дар рӯзҳои истироҳатӣ омодагӣ мебинанд, чун ҳарорат дар ин ҷо низ боло хоҳад рафт. Дар Португалия эҳтимол аст гармои шадид то ба 44 дараҷа расад.

Хадамоти метеорологии Португалия дар бораи ба амал омадани гармои шадид барои тамоми қитъаи Португалия ҳушдор дод. Барои қисмати бештари ин кишвар ҳушдори зард ва барои баъзе минтақаҳои дохилӣ бо хатари баланд шудани ҳарорати ҳаво ҳушдори норинҷӣ дода шудааст.

Мақомот аз аҳолӣ даъват намудааст, то аз амалҳое, ки ба сар задани сӯхтор оварда мерасонад, худдорӣ намоянд, чун шароити хушк ва шамолҳои пуршиддат метавонанд ба сӯхтор оварда расонад.

Ҳолати ба ин монанд дар Италия низ ба амал омадааст. Ҳушдори сурх барои бештари шаҳрҳои Италия аз сабаби гармои шадид, ки рӯзҳои истироҳатӣ фаро хоҳад расид, эълон карда шудааст.

Дар вазорат иброз дошанд, ки дар минтақаҳои бо ҳушдори «сурх»-и хатари гармо нишон додашуда, эҳтимол аст гармо хатари ҷиддиро на танҳо ба нафарони барҷомонда, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин, балки барои нафарони солим ва фаъол низ дар пай дошта бошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 30, 2025 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид