«Ice Memory» — ташаббуси байналмилалӣ барои ҳифзи хотираи иқлим ва муҳити зист
ДУШАНБЕ, 03.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи пиряхҳо яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии илмӣ ба шумор меравад, ки ба муҳофизати хотираи иқлим ва муҳити зисти сайёра равона шудааст. Яке аз чунин ташаббусҳо — «Ice Memory» мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо ибтикори марказҳои таҳқиқотии Фаронса, Италия ва Швейтсария оғоз ёфта, аз ҷониби ЮНЕСКО ва аз он ҷумла Бунёди шоҳи Монако дастгирӣ меёбад.
Соли 2023 дар ҳамоиши One Planet–One Summit дар шаҳри Париж Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ташаббуси «Ice Memory»-ро ҳамчун «унсури калидии «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034»» тавсиф намуд. Ин иқдом дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор рӯзи 13 августи соли 2024 бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардид.
Ҳадафи лоиҳа — дар давоми 20 сол ҷамъоварӣ ва нигоҳдории кернҳои ях аз 20 пиряхи зери хатари обшавӣ бо мақсади таъсиси як бойгонии яхӣ дар Антарктида мебошад. Ин бойгонӣ дар пойгоҳи ягонаи байналмилалии «Конкордия» воқеъ буда, аз ҷониби Фаронса ва Италия дар платои Антарктида идора мешавад ва имкони нигоҳдории доимии намунаҳоро дар ҳарорати -50°C фароҳам меоварад. Дар ин ҷо маълумоти иқлимӣ ва экологии 300 000 соли охир нигоҳ дошта мешавад. Антарктида макони нодирест, ки тибқи созишномаи байналмилалии муҳофизати муҳити зист бо иштироки 55 давлат ҳифз карда мешавад ва истифодаи мероси инсоният дар он кафолат дода мешавад. Пойгоҳи додаҳои оянда дар дастрасии умум қарор гирифта, манбаи муҳим барои пажӯҳишгарони имрӯза ва воситаи қавитари илмии фардо хоҳад буд.
Муҳофизати ин кернҳои яхӣ барои пешрафти илмӣ аҳамияти бузург дорад: донише, ки аз таҳлили онҳо дар бораи иқлим ва муҳити зист ба даст меояд, дар қабули қарорҳои сиёсӣ нақши муҳим мебозад. Фаҳмиши вазъи муҳити гузашта ба мо имкон медиҳад, ки тағйироти ояндаро пешбинӣ намуда, ба беҳбудии инсоният мусоидат намоем. Аз оғози амалисозии ин ташаббус то имрӯз ҳашт керни ях аз тамоми қораҳо ҷамъоварӣ шудааст, аз ҷумла яке дар Фаронса (соли 2016) ва дигаре дар Норвегия.
Барои идомаи ҷамъоварии ин намунаҳо, гурӯҳи байналмилалии олимон бо номи «Pamir Project» тасмим гирифтааст, ки моҳи сентябри соли равон дар Парки миллии Помир корҳои саҳроӣ анҷом диҳад.
Ҳадафи ин иқдом — илова намудани хотираи экологӣ аз минтақаи Қутби сеюм ба маҷмӯаи Ice Memory мебошад. Ҷойи интихобшуда — кӯҳи Кон-Чуқурбошӣ дар баландии 5800 метр воқеъ дар ноҳияи Мурғоб аст. Нияти олимон гирифтани ду керни яхии 100-метра аз ин кӯҳ мебошад. Яке аз ин намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад. Бунёди «Ice Memory» ва кумитаи илмии он саҳми Тоҷикистон ва Олимонро аз лоиҳаи «Pamir Project»ро бо хушнудӣ истиқбол менамояд. Ин ташаббус асосан бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи қутбии Швейтсария маблағгузорӣ шуда, ба шарофати ҳамкории илмии байналмилалӣ байни Тоҷикистон, Ҷопон, Италия, Швейтсария, Олмон ва Фаронса амалӣ мегардад.








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»






