Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид

Февраль 28, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар шаҳри Вена дар доираи ҷаласаи Кумитаи иқтисодӣ ва муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар брифинг аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Манучеҳр Ҷобир ба ҳозирин маълумоти муфассал оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри  Душанбе баргузор мешавад, маълумот дод.

Дар идома намояндагони кишварҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо даъват шуданд,  ки  дар кори конфронси мазкур фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд