РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад

Январь 20, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ  «Ховар» бо истинод ба котиботи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал барои об ва ҳамраиси Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023  барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

«Бо такя ба дастовардҳои конфронсҳои қаблии оби Душанбе (солҳои 2018, 2022 ва 2024) конфронси чорум ҳадаф дорад, ки суръати эҷодкардаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023-ро нигоҳ дорад, татбиқи Рӯзномаи амали обро пеш барад ва муҳокимаҳоро барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва нақши обро дар Рӯзномаи пас аз соли 2030 оғоз кунад.

Интизор меравад, ки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид,  созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявӣ, илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусӣ дар конфронс барои пешбурди уҳдадориҳо ва ташвиқи роҳҳои ҳалли тағйирдиҳанда дар бахши об иштирок намоянд.

Барномаи конфронс (Water Action Agenda) ҷаласаҳои умумии сатҳи баланд, шаш ҷаласаи мавзуӣ, ки ба мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 мувофиқат мекунанд, се панели махсус, ки ба оянда нигаронида шудаанд, форумҳо, чорабиниҳои иловагӣ, намоишгоҳи байналмилалӣ ва ҷаласаи омодагии минтақавиро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) ташкил карда шудааст, дар бар мегирад.

Инчунин иштирокчиёни конфронс ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар намуда, бо мероси бойи фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон, иқтидор ва захираҳои обӣ, таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии устувори захираҳои об ва рушди неругоҳҳои барқи обӣ шинос мешаванд. Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 20, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид