Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»

Июнь 14, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Ман ба роҳбарияти Тоҷикистон, бахусус ба Президенти ҷумҳурӣ барои ташаббусҳои беназир дар масъалаи обу иқлим ва роҳбариву мизбонӣ ба аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли 2025) изҳори сипос менамоям. Аз баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд бениҳоят шодам. Зеро ҳоло замоне ҳаст, ки агар мо ҳамин ҳоло амал накунем, метавонем теъдоди зиёди пиряхҳоро аз даст диҳем», — чунин изҳор дошт лижарон ва кӯҳнаварди фаъоли амрикоӣ Каролин Глейч дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тоҷикистон – Ватани пиряхҳо!

Каролина Глейч, ҳамчун коршиноси соҳаи экология ва ҳомии адолати экологӣ ва ислоҳоти иқлим, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ба ҳайси яке аз иштирокчиёни фаъол баромад намуда, аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ намуд.

«Бисёр ҷолиб аст, ки намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо роҳбарӣ ва ташаббуҳои Сарвари давлати шумо ин ҷо ҷамъ омадаанд, ки яке аз мушкилоти асосии башар — ҳифзи пиряхҳоро ҳал намоянд. Рӯ овардан ба ин масъала, аллакай муваффақияти беназир дар ин самт аст», — изҳор дошт Каролина Глейч.


Ба иттилои коршиноси соҳаи экология, ҳамзамон лижарон ва кӯҳнаварди фаъоли амрикоӣ, зебоии бузурги пиряхҳо вуҷуд дорад, ки метавон онро ситоиш кард ва Тоҷикистон бо пиряхҳои бузургаш намунаи ин зебоӣ мебошад.

«Тоҷикистон ватани табиати зебо, аз ҷумла пиряхҳо мебошад ва мебоист, ки ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод», — илова кард ӯ.

Муаррифии сайёҳии экологии Тоҷикистон – яке аз ҳадафҳои мо

«Мо бояд дар мисоли Тоҷикистон нишон диҳем, ки чӣ тавр сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ, метавонанд роҳи ҳалли масъала бошанд ва барои иқтисодиёте, ки бар асари тағйирёбии иқлим зарар мебинад, кӯмак расонанд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Каролин Глейч, дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо имкон пайдо гардид, ки ӯ бо расму оини миллати куҳанбунёди тоҷик шинос шуда, аз тамошои мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷойҳои таърихии шаҳри Душанбе ва Қалъаи Ҳисор ҳаловат барад.


Фатҳи баландии 5000 метр дар Тоҷикистон-нақшаи дигари К. Глейч

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, дар Маҷмааи сайёҳии “Сафеддара” бо ҳузури иштирокчиёни Конфронс чорабинии варзишии «Эко-пойга барои пиряхҳо» («Eco-Run For Glacier»), доир гардид. Каролин Глейч дар ин чорабинии варзишӣ ба сифати меҳмони махсус иштироки фаъол дошт.

“Мо ҳамчунин нақша дорем, ки ба кӯҳҳои Тоҷикистон сафар карда, аз пиряхҳо дидан намуда, ба баландии тақрибан 5000 метр бирасем”, — изҳор дошт варзишгар.

Умеди зиёди Каролин Грейч барои ҳифзи пиряхҳо

Каролин Глейч аз иштирок дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки чунин ҳамоиш барои омӯхтани масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати тартиб додани нақша барои ҳифзи онҳо имкони хуберо фароҳам овард.

“Ҷомеаи ҷаҳонро мебояд барои мутобиқшавӣ ва устуворӣ нақша тартиб дода, мутобиқ ба маълумоти метеорологӣ ва низоми гармидиҳӣ якҷоя кор кард ва аҳли сайёраро аз бӯҳронҳое, ки метавонанд рӯй диҳанд, огоҳ созад. Ин метавонад ба қадри имкон одамонро наҷот диҳад”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки “мо барои ҳифзи пиряхҳо умеди зиёд дорем ва одамони зиёде ҳастанд, ки барои ҳалли ин масъала кор карда истодаанд. Новобаста аз оне, ки шумо кӣ ҳастед ва аз кадом давлат мебошед, ҳар яки мо бояд дар ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим якҷоя кор кунем”.

“Бисёр чизҳое ҳастанд, ки давлатҳои ҷаҳон метавонанд дар алоҳидагӣ онро анҷом диҳанд, аммо вақте мо якҷоя шуда, кор кунем, метавонем захираҳо, технологияҳо ва низоми гармидиҳиро интиқол диҳем, зеро тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ба як давлат тааллуқ надоранд”, — изҳор дошт фаъоли масъалаи иқлим.

-Халқи тоҷик бисёр ҳам меҳмоннавоз ҳаст, ки давоми баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ман инро мушоҳида кардам. Шодам, ки табиати зебои Тоҷикистонро тамошо кардам, аз суҳбати сокинони некзамираш баҳра бурдам. Умед дорам, ки ин сафари охирини ман ба ин сарзамини офтобӣ нест. Бо дарёфти аввалин фурсат ман ба ин кишвари кӯҳҳои бовиқору сарбаланд боз меоям, — гуфт дар анҷоми суҳбат Каролин Глейч.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 14, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст
Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»