МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?

Июнь 22, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли тобистон байни калонсолон ва хӯрдсолон афзоиши гирифторӣ ба бемории мавсимии дарунравӣ (диарея) ба мушоҳида мерасад. Нишонаҳои бемории дарунравӣ — дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад. Барои пешгирии ин беморӣ чӣ бояд кард?

Тавре мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, микробҳое, ки ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд, сабабгори асосии бемории дарунравӣ мегарданд. Ин микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст пайдо мешаванд. Зеро дар фасли тобистон, гармӣ ба сифати маҳсулоти хӯрока зуд таъсир расонида, сабаби пайдошавии хар гуна микробҳо мегардад.

-Барои пешгирӣ аз ин беморӣ сокинонро зарур аст, ки пеш аз ҳама, қоидаҳои гигиениро қатъӣ риоя намоянд. Дар фасли тобистон тез-тез оббозӣ карда, ба тозагии бадани худ аҳамият диҳанд. Ҳамчунин ҳатман шустани дастонро бо собун фаромӯш накунанд. Дар ин давра аз хӯрдани ғизои шабмонда ва тезвайроншаванда, махсусан аз хӯрокҳои тезтайёри дӯконҳое, ки шароити хуби омодасозии хӯрокро надоранд, бояд худдорӣ намоянд.

Дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез нишонаҳои аввалини бемории дарунравӣ мебошад. Инчунин ранги наҷосат сабзи сиёҳтоб бо парда ва дар бемории исҳоли хунин бошад бо парда ва хун, дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда наҷосат тез-тез 10-15 маротиба меафзояд.

Дар кӯдакон бошад, ҳарорати баданашон балан шуда, беиштиҳо мешаванд. Инчунин дар инсон фишори хун паст шуда, набз тез- тез мезанад. Даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад. Дар вақти мушоҳидаи ин гуна аломатҳо ҳатман доруи регидронро истифода баред ва ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.

Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои номбаршуда чи дар кӯдак ва шахси калон ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. Зеро ин беморӣ дар се марҳила мегузарад.

Дар марҳилаи аввал табибон ба бемор истифодаи дурусти регидронро бо иловаи дигар доруҳо тавсия медиҳанд, ки дар ин ҳолат беморӣ ба зудӣ ё сабук мегузарад. Марҳилаи дуюм дар он аст, ки бемор оби бадани худро то ҳадде кам кардааст. Дар ин ҳолат табибон маслиҳат медиҳанд, ки додани регидрон ба ин гуна бемор зиёд карда шавад. Агар бемор ҳолаташ вазнин бошад, онро дар беморхона таҳти назорат мегирад ва барои муолиҷааш дар хона тавсия намедиҳанд. Дар маҳилаи сеюм бемороне ҳастанд, ки ҳолати нохуш доранд. Зеро онҳо аз ҷониби оилаи худ ба худтабобаткунӣ машғул буданд. Ин гуна беморон ҳатман таҳти назорати ҷиддӣ гирифта мешаванд.

Ҳамчунин косаю табақи шахси беморро ҷудо кунед. Тозагии худ ва гирду атрофи хонаатонро риоя кунед. Ба кӯдакони синнашон то 6 моҳа тез – тез шабу рӯз шири сина макондан лозим. Оби ҷӯшонидаи ширгарм додан ҳатмӣ аст. Зеро кӯдакон оби баданашон кам мебошад. Додани регидрон қоидаҳои махсуси худро дорад. Барои ин худсарона ба истеъмоли дору машғул нашавед ва ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.

Ҳангоми дастрас набудани регидрон дар хона онро чунин омода намоед: дар як литр оби ҷӯшонидашудаи ширгарм чор қошуқчаи майда шакар, ним қошуқчаи майда намаки оширо омехта намоед. Ҳангоми тайёр намудани ин маҳлул таркиби онро дуруст ҳисоб намудан лозим аст, зеро истифодаи шакари зиёд шиддати дарунравиро зиёд мегардонад. Намаки зиёд бошад барои кӯдак заранок аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧИСТ ПАРЧАМ? ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ АСТ! Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
Парчам- рамзи ифтихор, пояи давлатдорӣ ва оинаи ҳувияти миллӣ
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ мебошад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОҲИБМАКТАБ ВА СИЁСАТМАДОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Президенти Тоҷикистон давоми се даҳаи истиқлол тавонистанд давлатро ба пояи устувори иқтисодӣ ва маънавӣ расонанд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ- ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Президенти Тоҷикистон миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардониданд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»