МЕХОҲЕД ҲАМ ТАНУ ҲАМ РӮҲАТОН ОСОИШ ЁБАД? Пас барои табобату истироҳат ба Бадахшон биравед
ДУШАНБЕ, 19.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо, ки айёми истироҳат фаро расидааст, сокинони мамлакат имкон доранд, ки аз хизматрасонии муассисаҳои санаториву курортии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истифода намоянд. Дар 4 осоишгоҳи вилоят барои истироҳати меҳмонон, сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди истироҳату табобат фароҳам оварда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Чашмаҳои шифобахши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Вранг, Ширгин ва Зонг таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб ва барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи воқеӣ мегузоранд.
«Гармчашма» – чашмаи гарми минералӣ дар Тоҷикистон
Осоишгоҳи табобатии «Гармчашма» дар масофаи 48 километр аз шаҳри Хоруғ ва 73 километр аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи хушманзараи маҳаллаи миёнакӯҳ воқеъ мебошад. Дар он ҷо чашмаҳои минералии табии зиёд мавҷуд буда, хусусияти табобатӣ доранд. Оби он ба касалиҳои дил, рагҳои хунгард, касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, касалиҳои системаи асаб ва касалиҳои узвҳои занона шифо мебахшад.
Ҳолати санитарӣ-беҳдоштии осоишгоҳи «Гармчашма» пурра ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Дар «Гармчашма» меҳмонхонаи «Сомон ТМ», ҳостелҳои «Баҳор», «Чашма», «Ғайюрҷон» ва «Ғайёс» фаъолият мекунанд.
Осоишгоҳи «Ямчун» чашмаи (Бибӣ Фотимаи Заҳро)- барои бмориҳои пӯст фоидаовар аст
Осоишгоҳи «Ямчун» дар ноҳияи Ишкошим, дар баландии 2,700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Он як макони истироҳатии табобатӣ ва сайёҳӣ мебошад. Ин осоишгоҳ бо чашмаи гарми маъдании «Бибӣ Фотимаи Заҳро» маъруф аст, ки ҳарорати он ба 40–42°C мерасад ва барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешавад.
Манзараи кӯҳии атроф, ҳавои тоза ва оромиш, муҳити орому осоишта Осоишгоҳи «Ямчун»-ро ба як макони беҳтарин барои истироҳату табобат табдил додааст.
Чашмаи «Биби Фотимаи Заҳро» барои касалиҳои сирояткунанда, пӯст, дарди дил, тарбод, меъда, безурётӣ ва чандин дардҳои дигар фоидаовар аст. Дар назди чашма нуқтаи ёрии аввалияи тиббӣ мавҷуд аст ва баъди аз оби чашма берун омадан табибон вазъи саломатии ҳар як беморро муоина мекунанд.
Осоишгоҳи «Ямчун» барои табобати собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон нигаронида шудааст. Ҳолати санитарӣ — беҳдоштии осоишгоҳ дар сатҳи хуб буда, дар ин ҷо тамоми шароит барои собиқадорони ҷангу меҳнат муҳайё карда шудааст. Дар ин мавзеъ ҳосстелҳои «Вахон», «Мирзо», «Миралӣ», «Самадов Ақназар» ва «Раъно» фаъолият менамоянд.
Шифохонаи «Авҷ» — оби ин чашма чун нӯшокии муолиҷавӣ тавсия дода мешавад
Дар километри 25-уми самти ҷануби ноҳияи Ишкошим шифохонаи «Авҷ» ҷойгир аст, ки аз соли 1972 фаъолият менамояд. Дар шифохона дар мавсими табобатӣ, ки аз моҳи апрел шуруъ мешавад, ба истироҳаткунандагон ва сайёҳон хизмат расонида мешавад. Ҳарорати оби чашма 37-38 дараҷа гарм мебошад.
Дар таркиби оби шифобахш кислотаи силитсий, гази карбон, элементҳои маъданҳои умумӣ, элементҳои «ангезандаи ҳаёт», монанди литий, оҳан, никел, фтор, рӯҳ ва бром мавҷуданд.
Оби чашма барои табобати бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, тарбоди дил, баландшавии фишори хун, узвҳои ҳозима, ҳамаи намудҳои илтиҳоби доимии меъда, захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, ҷигар, талхадон, маҷроҳҳои талхагузар, санг ва реги талхадон, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, фарбеҳшавӣ аз хӯрдан ва ҳаракат накардан, гурда, санги гурда, шифо мебахшад. Оби чашмаро чун нӯшокии муолиҷавӣ ва барои шустани меъдаву рӯда истифода бурдан тавсия дода мешавад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои неъматҳои табобатии нотакрор мебошад. Ин минтақа, ки дар шарқи дурдасти мамлакат ҷойгир аст, аз қадим то ба имрӯз ҳамчун макони шифо ва барқарорсозии саломатӣ шинохта шудааст. Табиат, обҳои минералӣ ва анъанаи бойи табобати халқӣ Бадахшонро ба як минтақаи нодири табобатӣ табдил додаанд.
Яке аз сабабҳои асосии бештар шуҳрат пайдо намудани Бадахшон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он чашмаҳои гарми минералии он мебошад. Дар гӯшаҳои мухталифи вилоят даҳҳо чашмаи табиии шифобахш мавҷуданд, ки дар табобати бемориҳои гуногун самараноканд.
Бадахшон танҳо як минтақаи кӯҳии Тоҷикистон нест, он як маркази табиии шифо мебошад, ки табиат, фарҳанг ва анъанаҳоро бо ҳам мепайвандад. Ҳар нафаре, ки ниёз ба истироҳати комил, табобати табиӣ ва барқарорсозии рӯҳу равон дорад, бояд ба ин минтақа сафар намояд. Зеро он ҷо на танҳо бадан, балки дилу рӯҳ низ шифо меёбанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад






