Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд

Июнь 26, 2025 09:52

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 июни соли равон бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилии МегаФон Тоҷикистон, Tcell, Вавилон-М ва ZET-MOBILE ба чанд минтақаи вилояти Суғд сафари сайёҳиву эҷодӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон маконҳои сайёҳиву фароғатиро тамошо намуда, ҳамзамон бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқӣ, вазъи хидматрасонӣ дар марказҳои хизматрасонӣ, марказҳои минтақавии ширкатҳои мобилӣ ва дигар фаъолиятҳои марбут ба соҳаи алоқа шинос мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки мақсади асосии сафари сайёҳиву эҷодии намояндагони ВАО ба чанд минтақаи вилояти Суғд бозгӯ намудани нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи алоқа мебошад.

Июнь 26, 2025 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад