Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабиро ифтитоҳ намуданд

Июнь 25, 2025 09:02

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст.

Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.

Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.

Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст.

Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.

Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд.

Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.

Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ 25.06.2025

Июнь 25, 2025 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ сохта мешавад