ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР. Ва ё ваҳдате, ки бо шарофати он давлатдории миллии тоҷикон дубора эҳё гардид

Июнь 20, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Падидаи ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии мамлакат маҳсуб мешавад. Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуд, балки натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи роҳбари хирадманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рукни асосии эҳёи давлат ва пойдории ҷомеа, балки як арзиши волои маънавӣ ва сиёсӣ гардид, ки тавассути он фарҳанги таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ ва истиқлолгароии ҷомеа таҳким ёфт. Ба шарофати ин ваҳдат, давлатдории миллии тоҷикон дубора эҳё гардида, заминаҳои рушду нумӯи устувор дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омаданд.

Маҳз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳои душвор, вақте ки халқи тоҷик ба гирдоби низоъ ва парокандагӣ гирифтор буд, бо садоқат ба ормонҳои миллӣ, бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона тавонистанд миллати парешонро муттаҳид созанд, сулҳи деринтизорро таъмин намоянд ва пояҳои ваҳдати воқеиро гузоранд.

Бо ибтикор ва пешрафти сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат, Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар, устувор ва пешрафта муаррифӣ гардид.

Дар мақолаи мазкур кӯшиш ба харҷ додем, то дар заминаи таҳлил ва баррасии манбаъҳои муътамади таърихӣ ва сиёсии даврони муосир, нақши Пешвои миллатро дар раванди ба даст овардани ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи суботи иҷтимоиву сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Ин муҳтавои таҳлилӣ на танҳо ба арзёбии таърихии воқеаҳои солҳои 90-уми садаи гузашта равона шудааст, балки барои дарки амиқи моҳияти ваҳдат дар шароити ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳдиду чолишҳост, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Бо чунин шинохт, ваҳдати миллӣ на танҳо як воқеаи таърихӣ, балки як рисолати пайваста ва арзишест, ки ниёз ба ҳифз, рушд ва посдории пайгирона дорад. Ва дар ин раванд, ҷойгоҳи Пешвои миллат ҳамчун раҳнамои миллат, меъмори ваҳдат ва кафили суботи давлатдорӣ, мақоми таърихӣ ва фарҳангии беназирро ишғол менамояд.

Ҳар қавму миллат дар таърихи давлатдории худ аз санаҳои фаромӯшношуданӣ, ки барои ҳар як сокинаш азизу муқаддас аст, ёд меоварад ва ба он арҷ мегузорад. Барои миллати куҳанбуёнди тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 6000 сола об мехӯрад, бузургтарин неъмат ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Таҷрибаи таърихи ҷаҳон собит месозад, ки Истиқлол ва озодӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Мо дар таърих халқҳо ва миллатҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои расидан ба соҳибистиқлолӣ даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони асил ва азизи худро аз даст додаанд. Дар ҷаҳони имрӯза низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранду соҳиби замин, забонанд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рў, онҳо истиқлолро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳуввият ва бақои таърихии худ медонанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Сулҳ, Ваҳдат ва Истиқлолият се мафҳуми аз ҳам ҷудонашаванда аст. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон натиҷаи Истиқлолияти миллӣ аст. Ваҳдати миллӣ дар қатори мафҳумҳои озодӣ, Истиқлолият, Сулҳ азизу муқаддас аст. Ваҳдати миллӣ-зодаи Истиқлолияти давлатӣ худогоҳиву худшиносии моро роҳбалад аст. Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошанд.

Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату ҳалқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.

Бисту ҳашт сол муқаддам, 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими тақдирсози миллату давлат ба вуқуъ пайваст. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ин рӯзи муборак рост омад, ки он дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ин ҳуҷҷати барои миллати точик сарнавишсоз ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба ҳаёти осоиштаву бунёдкорона қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид зимни яке аз суханрониҳои худ чунин баён доштанд: «Маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем».

Воқеан Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти тоҷикон бо эҷоди сулҳу оштӣ, тантанаи сарсабзиву шукуфоиҳо ва адолати таърихӣ саҳифаи дурахшонеро ато намуд. Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин буда, он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва иҷрои пайвастаи он муҳимтарин унсури бунёди давлат — ягонагии миллӣ таъмин гардида, сатҳи худшиносии миллӣ ва шуури иҷтимоии ҳамаи табақаҳои ҷомеа боло рафт. Миллати хирадманду солори мо таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллат бар аҳримани ҷангу куштор бо ақлу заковати худ пирӯз шуд ва мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ваҳдатсозиро бино гузошт.

Бемуболиға, роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлат, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, хулас сиёсати дурусти пешгирифта эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ ба Президенти маҳбуби мамлакат аз омилҳое, буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд.

Баъди имзои Созишномаи мазкур ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи мо ҳамчун мафҳуми муқаддас нуфузи хоса касб намуд ва дар қалби мардуми хурду бузурги мамлакат ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кард.

Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намудааст, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ, тавассути заҳмати ватандӯстона ва аҳлона метавон давлати соҳибистиқлоли худро ба кишвари ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутаррақӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Мардуми тоҷик, бахусус ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, расидан ба қадри аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он қарз ва рисолати шаҳрвандии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат мебошад. Зеро ояндаи ҳар халқу кишвар ба ворисони он вобастагии қавӣ дорад. Барои расидан ба мақсаду ҳадафхои миллӣ мо ҳамаи имконият ва иқтидори заруриро дорем ва заминаи воқеии ҳуқуқиву бунёдӣ низ гузошта шудааст. Бешак, қувваи асосии татбиқкунундаи ин ҳадафи нек нерӯи созанда ва офарандаи халқи меҳнаткашу ободкори тоҷик мебошад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Таҷрибаи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷи-кон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ ва ҳалли ихтилофи дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва ҳоло барои пешгирии чунин моҷароҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, ки он ба заҳмату фаъолияти содиқонаву фарзандонаи Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвасти ногусастанӣ дорад. Дар ин ҷо баёни гуфтаҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба маврид мебошад: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамоянд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳояшон нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».

Бо ифтихору сарафрозии баланд зикр бояд кард, ки воқеияти имрӯзаи ҷомеа бозгӯи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми неруҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ободониву ояндаи дурахшони диёри маҳбубамон фаъолият мекунанд. Саҳифагардонии авроқи рангини таърихи мо низ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик бисёр мушкилот ва низоъҳоро аз миён бардошта, тантанаи офтоби саодатро дар фарози осмони кишварамон таъмин намудааст. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти Тоҷикистон амалӣ карданд, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрӯз мактаби омӯзиши оламиён гардидааст. Президенте, ки тавонист фарзандони парокандаву ҳиҷратнамудаву гурезаи худро бозгардонад, сазовори ҳамду саноҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар, маҳз бо шарофати фаро расидани ваҳдату якдилии халқ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои азими азнавсозиҳо амалӣ мегардад ва сарзамини маҳбуби мо ба корзори бузурги бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар баробари ин туфайли сулҳу осоиштагӣ болоравии некӯаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналмилалӣ низ хеле мустаҳкам намудааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми сармоягузориҳои берунӣ ба иқтисодиёти мамлакат далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Роҳбари давлат аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо талош варзиданд. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон чораҳо андешида шуданд. Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд, ки занон дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти гуногуни замон, таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин нигоҳ, Ҳукумату давлати Тоҷикистон хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кориву зиндагӣ ба онҳо, таҳкими мақому манзалати занон дар ҷомеа мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сиёсати давлатии занонро роҳандозӣ намуда, зимнан баҳри ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти занон як силсила асноди меъёрии ҳуқуқиро қабул ва мавриди иҷро қарор додааанд.

Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва нуру гармии ҳар як хонадон мебошад.

Ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 39 фоизи соҳаи бонкдорӣ, 37 фоизи олимон, 30 фоизи соҳибкорон ва 25 фоизи соҳаи алоқаро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Айни замон шумораи узви Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби занон 10 нафар ва вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафарро ташкил медиҳанд, ки мутаносибан аз даъвати гузашта 2 ва 4 нафар зиёд мебошанд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар самти ислоҳоти соҳаи маориф низ ҳоло ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки он самараи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои маорифпарвари миллат ҷиҳати бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон миёни ҷомеа, дастгирии иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани шароити муносиби таҳсил ба ҷавонон силсилаи тадбирҳоро амалӣ намудаанд.

Агар то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард, пас ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 48 адад ва шумораи донишҷӯён ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор мусоидат менамояд.

Бисту ҳашт сол дар солномаи таърих муддати тӯлонӣ нест. Вале тайи ин солҳо баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқубунёд, дунявӣ қадамҳои устувор гузошта шуд, ғояҳои созандагию бунёдкоронаи халқу давлат зина ба зина амалӣ гардид.

Натиҷаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Пешвои маҳбуби миллат дар муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат буд, ки дар мамлакат таҳавуллот ва дигаргунсозиҳои азим дар соҳаҳои итҷимоию иқтисодӣ ба вуқуъ пайваста, дар як фурсати кутоҳи таърихӣ тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушду нумуъ кард.

Бо шарофат ва ҷаҳди фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ мегарданд.

Дар татбиқи ғояҳои Истиқлолият, худшиносиву худогоҳӣ имрӯзҳо чунин нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии мамлакат сармашқи фаъолияти аҳли ҷомеа қарор гирифт: «Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Пас мо, миллати сарбаланди тоҷикро зарур аст, ҷавобан ба ғамхориҳои давлат ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро пойдору устувор нигоҳ дорем, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутаммаддин табдил диҳем, нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва тамоми саъйю талоши худро ба хотири ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонидани Ватани маҳбубамон равона созем.

Мавсума Муинӣ,
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дилафрӯз Саидӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ваҳдати миллӣ самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан аст»
Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
ХУШКМЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН. Имсол аз Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор тонна меваи хушк содирот шудааст
МЕХОҲЕД ҲАМ ТАНУ ҲАМ РӮҲАТОН ОСОИШ ЁБАД? Пас барои табобату истироҳат ба Бадахшон биравед
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Дар Лондон мулоқоти ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор мешавад
Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
БАҲРИ АРАЛ. Нигине, ки дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид, аз байн меравад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Меваҳои яхкардашуда манбаи витамину минералҳо буда, масуниятро баланд менамоянд