Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд

Июнь 27, 2025 09:11

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон — шаҳраки Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд.

Ин аввалин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази ноҳия буда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи соҳа ва мувофиқ ба завқи кӯдакон қомат афрохтааст, ки дар он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 150 кӯдак дар панҷ гуруҳ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар саҳни муассисаи томактабӣ майдончаи бозии кӯдакон бо насби арғунчакҳо таҳия гардида, атрофи он ободу сабзкорӣ шудааст.

Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 аз 21 ҳуҷраи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона, сардхона, анборхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ се муассисаи таҳсилоти томактабиро дар шаҳри Хоруғ ва панҷ муассисаи таҳсилоти томактабии дигарро дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки се муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Хоруғ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар онҳо барои фарогирии 150 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Панҷ муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои дурдасти Чарсем, Вабист, Турбат, Раҳмонобод ва Рожи ноҳияи Шуғнон низ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардидааст.

Бинои муассисаҳои соҳаи маориф вобаста ба талаботи маҳал бунёд гардида, дар онҳо зиёда аз 230 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар расми ифтитоҳи иншооти зикршуда ба ҳамаи кӯдакон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид, ки шодиву нишоти онҳоро дучанд намуд.

Ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон туҳфаи арзандае гардид ва онҳо миннатдориву самимияти хоси хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфа ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро барои таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии №3 бо номи Пайравони Пешво дар ноҳияи Шуғнон 27.06.2025

Июнь 27, 2025 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад