«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Сурхдараи Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ Мусобиқаи кушоди ҷумҳуривӣ оид ба волейбол бо иштироки дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин хусус мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Сомон Орифзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии ҷавонони деҳоти Сурхдараи Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ барои ишғоли ҷойи якум «Ҷоми Ваҳдати миллӣ» — Шоҳҷоиза автомобили тамғаи «Мерседес — бенз», ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи сеюм 5 ҳазор сомонӣ ва барои ишғоли ҷойи ифтихорӣ 2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Хотиррасон мешавем, ки дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуривӣ оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ 18 даста иштирок намуда, байни ҳам рақобат карданд. Дар байни онҳо волейболбозони шаҳри Душанбе, ноҳияи Ванҷ ва «Регар ТадАз»-и шаҳри Турсунзода бартарӣ нишон дода, ба ҳарифонашон ғолиб омаданд.
Дар бозии финали Мусобиқаи кушоди ҷумҳуривӣ оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ дастаҳои «Регар ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд, ки дастаи волейболбозони «Регар ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи шаҳри Душанбе ғолиб омада, сазовори Ҷоми Ваҳдати миллӣ ва Шоҳҷоиза — автомобили тамғаи «Мерседес -бенз» гардиданд.
Ба дастаи волейболбозони шаҳри Душанбе, ки мақоми дуюмро соҳиб гардиданд, 10 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Ҷои сеюми мусоибқаи мазкур насиби волейболбозони ноҳияи Ванҷ бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии ҷавонон ташкил карда шудааст.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






