Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чинро аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон ба истифода доданд

Июнь 25, 2025 12:25

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт.

Роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон аввалин, муҳимтарин ва бузургтарин иншоот буд, ки бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ба истифода супоридани роҳ бо кушодани нақби мошингузар дар вазъият ва рӯҳияи идона сурат гирифт.

Дарозии нақби мошингузар 3400 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби роҳсозони дохилу хориҷ бо риояи стандартҳои сатҳи баланд сохта шуда, қисми бештари маҳсулоти истифодашуда истеҳсоли Тоҷикистон аст.

Масири қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ то дарвозаи Рӯшон роҳи аз ҳама душворгузар дар миқёси ҷумҳурӣ буд ва талаботу хароҷоти таҷдиду навсозӣ ва нигоҳубини он бо гузашти ҳар сол бештар мешуд.

Ин роҳ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.

Бо назардошти он, ки ин шоҳроҳ аҳаммияти иқтисодӣ ва байналмилалӣ дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 барои бунёду навсозии он санги асос гузошта буданд.

Тӯли ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар бо дарозии умумии 5200 метр, ин масофаро ба 92,5 км баробар намуд, ки аз масофаи қаблӣ 16,5 км кам аст.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки гузаштан аз ҳамин қитъаи роҳ дар гузашта чоруним – панҷ соат вақти мусофиронро мегирифт, ҳоло бошад бо навшавии он ва бунёди ду нақб ин масофа камтар аз ду соат тай мешавад.

Зимни шиносоӣ бо корҳои иҷрошуда ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил шуда, паҳноии стандартии он ба 12 метр баробар аст.

Бунёди 15 пули мошнигузар бо дарозии 633 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 500 метр, 12 ҳазору 900 метри тӯлонӣ деворҳои оҳанӣ, бетонӣ ва сангӣ, инчунин 200 метр қубурҳои обгузари қутрашон гуногун ба лоиҳаи сохтмони роҳ дохил мешаванд. Босифат ва ҷавобгӯи талабот бунёд шудани иншооти мазкур хатари селу обхезӣ ва тармаву резиши сангро бартараф хоҳад кард. Ҳоло имкон аст, ки ҳаракат дар ин масир дар ҳама фасли сол бидуни эҳсоси хатар сурат гирад. Ҳолати хуби ин масир ба сарфаи вақту сӯзишворӣ низ асоси воқеӣ гузошт.

Чароғҳои роҳ, ки тавассути панелҳои офтобӣ дар ҳудуди 14 деҳаи ноҳияи Дарвоз равшан мешавад, шабонгаҳ намои дигаре дорад.

Тадбири ободонӣ дар қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон дар заминаи талошҳои ҳамешагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бо иштироки муҳандисону роҳсозони дорои таҷриба ва тахассуси баланд амалӣ карда шуд, ки аксари онҳо мутахассисони маҳаллӣ ҳастанд.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо сифати корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳандисону роҳсозонро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки омӯзиш ва таҷрибаи онҳо ояндаи наздик дар бунёди роҳи Хоруғ-Кулма-Чин ҳам истифода хоҳад шуд.

Ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон 25.06.2025

Июнь 25, 2025 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд