Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба фаъолияти зеристгоҳи барқии «Ҷангал» ва 4 неругоҳи барқии обии хурд тариқи маҷозӣ оғоз бахшиданд

Июнь 26, 2025 08:05

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо ба истифода додани зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ ифтитоҳ кардани 4 неругоҳи барқии обии хурд оғоз ёфт.

Сохтмони зеристгоҳ дар ноҳияи Рӯшон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба охир расидааст.

Тибқи иттилои масъулин, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст.

Зеристгоҳ дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд гардида, 2 хатти воридотии 110 киловолта, 4 хатти баромади 35 киловолта ва 4 хатти баромади 10 киловолта дорад. Зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад.

Ин иншооти муҳим дар ноҳияи Рӯшон барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии кишвар сохта шудааст.

Зеристгоҳҳои нави бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз имкон медиҳанд, ки талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт (мегаватт) барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин карда шавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ 4 неругоҳи обии хурдро мавриди истифода қарор доданд.

Неругоҳҳои нави иқтидорашон хурд дар деҳаҳои Аҷирх, Равмед ва Миденчини ноҳияи Рӯшон ва Ёгеди ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, имкон медиҳанд, ки аз ин ба баъд сокинони деҳаҳои мазкур тамоми сол бо неруи барқ таъмин бошанд.

Иқтидори тавлиди барқи неругоҳи Ёгед 276 киловатт мебошад. Ин неругоҳи хурд бо маблағи 4 миллиону 160 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Неруи барқи аз он тавлидшуда 121 хоҷагии деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвозро бо неруи “сабз” таъмин мекунад.

Се неругоҳи дигар дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ҷойгир аст. Неругоҳи Равмед бо иқтидори 100 киловатт 71 хоҷагии деҳаи дурдасти Равмедро дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин мекунад.

Неругоҳи обии Аҷирх низ дар яке аз деҳаҳои дурдасттарини ноҳияи Рӯшон воқеъ аст. Иқтидори неругоҳ 50 киловатт буда, барои 30 хоҷагии деҳаи Аҷирх пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии 42 км хати интиқоли барқи дузанҷираи 110 волт-ампер ва 35 киловолтаи “Вомар-Возванд” дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи 110/35 киловолтаи “Қозидеҳ” дар ноҳияи Ишкошим расман оғоз бахшиданд.

Тибқи маълумот, иншооти нави соҳаи энергетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Пешвои миллат ва маблағгузории шарикони рушд бунёд карда мешаванд.

Ба иттилои масъулон сохтмони ҳар ду иншоот дар соли 2026 ба анҷом хоҳад расид. Дар натиҷа иқтидори содиротии барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя то 60 МВт афзуда, беҳбудии сифатӣ ва эътимоднокии барқ барои 84 ҳазору 200 нафар аҳолӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз таъмин мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармоя баҳри сохтмони неругоҳи Санобод ҳам, ки бо иқтидори лоиҳавии 160 мегаватт дар нақша аст, дастуру тавсияҳо доданд.

Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаи “Электрофикатсияи деҳоти Тоҷикистон” соли 2021 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом мерасад. Дар маҷмуъ, дар доираи ин лоиҳа 30 неругоҳи барқии офтобӣ, 1 неругоҳи бодӣ ва 13 неругоҳи обии хурд сохта мешавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоотро барои дастрасии сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар бо неруи барқ муфид арзёбӣ карда, масъулонро вазифадор карданд, ки бо назардошти вазъи ҷуғрофии минтақа, ки барои сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ мусоид аст, ҳамаи имкониятҳоро мақсаднок истифода баранд.

Ба истифода додани Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ ва 3 неругоҳи барқии обии хурд дар ноҳияи Рӯшон 26.06.2025

Июнь 26, 2025 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад