Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон Корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонии ҶДММ «Ганҷи Рӯшон»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон Корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ ва нону маҳсулоти нонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи Рӯшон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 5 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғот, чака ва маска ба роҳ монда шудааст.
Корхона дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мулкибек Сафарбеков бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз лиҳози экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.
Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст.
Дар ширкати Ганҷи Рӯшон 10 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст.
Иқтидори истеҳсолии “Ганҷи Рӯшон” дар як шабонарӯз коркарди 1 тонна ва дар як моҳ то 30 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ ва нонии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол омода мегардад, муаррифӣ карда шуд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳо доданд.
Масъулин нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли панирро ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар ва барои таъсиси ҷойҳои нави корию ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос намуданд.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






