ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 июн, чоршанбе, 162-юмин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 11, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе 4-умин Намоиш — ярмаркаи байналмилалии саноати сабук «ИнтерЛегПром-2009» доир шуд.

***

11 июни соли 2009 дар шаҳри Тошканд-пойтахти Узбекистон ҷаласаи навбатии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор ҷаласаи Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор шуд. Аъзои Кумитаи тадорукот дар ин ноҳия бо  корҳои омодагӣ ба ин санаи таърихӣ ва сохтмону навсозии якчанд  иншооти муҳими ҷашнӣ шинос шуданд.

***

11 июни соли 2014  Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкории худро бо Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 саноатчиёни тоҷик иди касбиашонро таҷлил намуданд.  Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи июн дар Тоҷикистон саноатчиёни тоҷик иди касбии худро таҷлил менамоянд, ки  соли  2017 он  ба 11 июн рост  омад.

***

8 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Дар мулоқот барои саҳмгузории муштарак дар татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қабул шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

***

11 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, баргузор  гардид.

***

11 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба ҳисоб маравад, шинос шуданд.

***

4 сол пеш, дар ин рўзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри таърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.

***

Аз 7 то 11 июни соли 2021 бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ва бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии давраи омӯзишӣ барои таҳия ва такмили нақшаи идоракунии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо зимни баррасии маҷмуи масоили ҳамкорӣ алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаву судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳор доштанд.

Июнь 11, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш