ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 июн, ҷумъа, 164-умин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 13, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1951 Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмад Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

***

13 июни соли 2007 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ду дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд.

***

15 сол пеш, 13 июни соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоиш-ярмаркаи байналмилалии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор  шуд.

***

13 июни  соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, шаҳри Кӯлоб ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон  сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиии шаби 6 ба 7 майи соли 2010 баамаломада аз наздик шинос шуданд.

***

14 сол қабл, 13 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Бундестаги (парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки бо роҳбарии Дагмор Энекелман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

***

13 июни соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо ҷараёни корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи нахустини ин Комиссия баргузор гардид.

***

13 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба кор оғоз кард, ки дар ин нишаст намояндагони 27 давлати аъзои машварат иштирок намуданд.

***

13 июни соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфтанд.

13 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии паҳн намудани маълумот дар бораи албинизм.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД  ШУДААНД:

Одина Ҳошим-соли 1937— овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бахши адабиёт ва ҳунар

***

Ато Ҳамдам — соли 1948 — нависанда, рӯзноманигор ва драматурги тоҷик, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Корманди шоистаи Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттиҳоди арбобони театрии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Июнь 13, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш