ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июн, якшанбе, 166-умин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 15, 2025 08:00

15 июни соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуданд.

***

14 сол пеш, дар ин рӯзи  соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду давлат  баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.

***

15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳудуди калонтарин беморхонаи  мамлакат — Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии «Шифобахш» Маркази тавонбахшии маъюбон  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар кушодашавии ин муассисаи тиббӣ хонум Эмине Эрдоған, ҳамсари Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб сафар намуданд.

***

15 июни соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.

***

15 июни соли 2022 дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Майкл Эрик Курилла баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор идораву кумитаҳои давлатӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ, омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор намудани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

15 ИЮН:

Рӯзи ҷаҳонии шамол.

***

Дар Озарбойҷон  — Рӯзи миллии наҷот. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фазлиддин Муҳаммадиев — соли 1928, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ходими хизматнишододаи фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

Июнь 15, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш