ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июн, чоршанбе, 176-умин рӯзи соли 2025 аст

25 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Asia Grand Hotel» мавриди истифода қарор дода шуд.
***
25 июни соли 2008 хатти барқи «Лолазор-Хатлон» ифтитоҳ гардид.
***
25 июни соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда, дар корҳои сохтмонӣ ҳам асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида буданд.
***
25 июни соли 2016 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Мотравн»-и Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан намуданд. Неругоҳи барқи обии «Мотравн» аввалин иншооти энергетикӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки он маҷроӣ буда, тавлиди барқ аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Ин неругоҳ бо иқтидори 300 киловат соат дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дувумин неругоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад.
***
25 июни соли 2017 дар арафаи Иди Саиди фитр дар асоси дастуру супоришҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе кумаки яквақтаи моддии Сарвари давлатро тақдим намуда, барои бошандагон дастархони идона оростанд. Нахуст Раҳмон Озода Эмомалӣ ба 100 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюб, нафақахӯр ва нафароне, ки дар зиндагӣ ба ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат ниёз доранд, 1000 сомонӣ туҳфаи идонаи Пешвои миллатро тақдим намуданд.
***
25 июни соли 2022 бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахт –дар «Боғи Ирам» Фестивал-намоиши «Таомҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар Фестивал 50 кадбонуи чирадаст аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 36 намуд таомҳои миллии тоҷикро болои дастархон гузоштанд, ки бо ороиши зебо яке аз дигаре ба назар бомаззатару иштиҳоовар менамуд.
25 ИЮН:
Дар Русия- рӯзи кормандони омор.
***
Дар Словения — Рӯзи сохти давлатдорӣ.