ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июн, сешанбе, 154-умин рӯзи соли 2025 аст

3 июни соли 1928 дар ҷаҳон аввалин маротиба дар мағозаҳо фурӯши телевизор ба роҳ монда шуд ва савдои он ба таври оммавӣ вусъат гирифт. Баъд аз пайдо шудани нахустин телевизор олимону муҳандисон дар пайи такмилу ташаккули он пажуҳишу озмоиши зиёд анҷом дода, шакли муосири онро рӯи кор оварданд.
***
3 июни соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шурои роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.
***
3 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ шуд.
***
8 сол пеш, 3 июни соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 нахустин Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор — B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат) дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
***
3 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
3 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии давлатҳо баррасӣ карда шуд.
***
3 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива «Ичан-Қалъа» ва фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
3 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи ҷаҳони велосипед
***
Дар Черногория — Рӯзи Истиқлол.