ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июн, ҷумъа, 157-умин рӯзи соли 2025 аст

Июнь 6, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барпо гардиданд.

***

16 сол пеш, 6 июни соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эомалӣ Раҳмон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.

***

6 июни соли 2011 дар шаҳри Страсбурги Фаронса Конвенсия дар бораи дар Аврупо эътироф намудани маълумоти олии дар Тоҷикистон гирифташуда ба имзо расид.

***

6 июни соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шурои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди  Аврупо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

***

13 сол пеш, 6 июни соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо  президентҳои Покистон ва  Эрон мулоқот анҷом доданд.

***

            Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуданд.

***

           11 сол пеш,  6 июни соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» дар доираи ҷаласаи VI Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Лаҳистон бо иштироки васеи соҳибкорони ҳарду ҷониб бизнес-форум баргузор гардид. Дар ҷараёни он  имконияти сармоягузории тарафҳо муаррифӣ гардид. Дар интиҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ ҷонибҳо санадҳои дахлдор ба имзо расониданд.

***

          Дар ин рӯзи  соли 2018 дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти баргузории Конференсияи байналмилалӣ оид ба  оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми ин Кумита доир гардид.

***

          6 июни соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Шиксин Ченро, ки  барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

***

           6 июни соли 2022 дар Душанбе дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор шуд, панҷ Форуми конфронси пешазконфронсӣ оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.

6 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии  забони русӣ.

Июнь 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш