Ташаббусҳои Пешвои миллат рушди ояндаи мамлакатро муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи мамлакат ҳамчун давлати шукуфо ва устувор, ки дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳим дорад, заминаи устувор мегузорад. Ҳадафҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллат низ рушди ояндаи мамлакатро муайян мекунанд ва ба мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Бо чунин матлаб оғоз шудааст мақолаи Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Матни пурраи мақолаи мазкур манзур мегардад.
— Дар марҳилаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди муносибатҳои некҳамсоягӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, бахусус ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хос мебошад. Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ фаъолона иштирок намуда, дар таъмини субот ва амният дар минтақа саҳм мегузорад.
«Яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар баробари барқарорсозии сулҳу ваҳдат ин таҳкими равобити байналмилалӣ ва ҳамкории дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Шарқи Наздик, Амрико, Аврупо ва Африқо мебошад.
Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ дорад, чунки самти асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои байналмилаӣ сиёсати «дарҳои боз» мебошад. Он ҳамасола таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат рушду такомул меёбад.
Ҳар як мамлакати соҳибистиқлолу озод сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пеш мебарад, ки онҳо қисми таркибии равандҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Дар воқеъ, сиёсати хориҷӣ сиёсати дохилиро идомаву рушд бахшида, интиқоли он ба муносибату робитаҳои дигар мамлакатҳо ба ҳисоб меравад.
Ба монанди сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷӣ бо шакли иқтисодии ҳукмрон, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ алоқаманд буда, онҳоро дар арсаи байналхалқӣ инъикос менамояд. Мақсади асосии сиёсати хориҷӣ дар чунин ҳолат аз таъмини шароити муфиди байналхалқӣ барои амалӣ намудани манфиатҳои миллии давлат иборат аст. Самти муҳими сиёсати хориҷӣ мубориза бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида бо мақсади муқовимат ба ин таҳдидҳое, ки барои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ доранд, фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Пешвои миллат чунин таъкид намуда будаанд, ки «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ».
Сарвари давлат дар нигоҳ доштани субот ва амният дар Осиёи Марказӣ нақши назаррас доранд. Кӯшишҳои Пешвои мо ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти марзҳо бо Афғонистон бо андешидани чораҳо ҷиҳати муқовимат ба воридшавии гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир нақши муҳим дорад.
Ташаббусҳои Пешвои миллат дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он эътироф гардидааст. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки чунин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои басо арзишмандаш дар ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстии миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони олии давлатии «Қаҳрамони миллии Афғонистон-Аҳмадшоҳ Масъуд» низ сарфароз гаштааст.
Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни омода сохтан ва амалӣ кардани стратегияи фарогир ва санҷидашудаи сиёсати хориҷии даврони Истиқлол ва дар солҳои охир бо таваҷҷуҳ ба ин тамоюлу равандҳо ва махсусиятҳои дигари ҷаҳони зудтағйирёбанда ба таври пайгирона ҷиҳати таъмини сазовори манфиатҳои стратегии Ватан ва халқи он дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» саъю кӯшиш мекунад. Маҳз ба шарофати сиёсати муваффақ ва самарабахши Президенти мамлакат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо назари хайрхоҳона ва эътимод менигарад.
Имрӯз бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ, сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ноил гардид.
Барои боз ҳам ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои сатҳи баланд ва беҳтар шудани зиндагонии ҳар як фарди тоҷик мо қадам устувор мегузорем.
АКС: АМИТ «Ховар»