ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар 23 истироҳатгоҳи наздимактабии ноҳияи Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия.
Дар ноҳия ҳамчунин истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чашма» фаъолият дошта, айни замон ба қабули истироҳаткунандагон пурра омода аст.
Масъулини истироҳатгоҳи «Чашма» иброз доштанд, ки «кормандони истироҳатгоҳ аз назорати тиббӣ гузашта, масъалаҳои таъминот ба оби нӯшокӣ, таъмиру барқарор кардани шабакаи интиқоли барқ, таъмиру тармими хатҳои обу ташноб ҳалли худро ёфтаанд».
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии раиси ноҳияи Зафаробод барои таъмири боми бинои истироҳатгоҳ 200 адад шифер ҷудо шудааст.
Ҷиҳати пурмазмун ва шавқовар гузаштани фароғати тобистонаи хонандагон тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагӣ ва мувофиқи ҷадвали сардорони истироҳатгоҳҳо машғулиятҳои китобхонӣ, луғатомӯзӣ, ҳусни хат, забономӯзӣ, расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва саёҳатҳо ташкил ва гузаронда мешаванд.
Бояд гуфт, ки Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод баҳри пурсамар гузаштани истироҳати тобистонаи хонандагон корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд. Имсол мавсими истироҳати кӯдакону наврасон дар 4 баст 12- рӯзиро дар бар мегирад. Ба ҳар баст аз 150 то 400 нафар қабул карда мешаванд.
Тибқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, дар мавсими «Тобистон-2025» 30 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ омода карда мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 10 адад, дар вилояти Хатлон 3 адад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 адад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 истироҳатгоҳ ба мавсим омода гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






