Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад

Июнь 29, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус, дастгириҳо, дастуру ҳидоят ва супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд меёбад. Эълон гардидани соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон ва сайёҳон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад. Чунин иброз доштааст мутахассиси Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонзод дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст. Дар идомаи мақола номбурда чунин изҳори назар кардааст:

— Сайёҳӣ на танҳо барои давлат шуҳрат меорад, балки ба ҳар гӯшаи он сармоя ворид месозад, ба ҳар деҳа ободӣ ва ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам меорад.

Ҳунармандӣ соҳае мебошад, ки дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, ба пешрафти ҷаҳонгардӣ мусоидат менамояд. Ин соҳаҳо бо ҳам алоқаманд буда, маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд. Айни замон теъдоди ҳунармандон ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо рӯз аз рӯз зиёд гашта, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода намуда истодаанд.

Тибқи натиҷаҳои як пурсишнома, ки байни ҳунармандон анҷом дода шуд, муайян гардид, ки 95,5% маҳсулоти ҳунармандӣ дар фурӯш қарор дорад. Аз шумораи иштирокунандагон дар пурсишнома 45,1% посух додаанд, ки маҳсулоти онҳоро сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мехаранд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ, дар соли 2024  шумораи ҳунармандон дар мамлакат 18654 нафарро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, тавассути онҳо Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат муаррифӣ  мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, фазои ҳуқуқии воридот ва будубоши онҳо нақши муҳим мебозад.

Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Коршиносони байналмилалии сайёҳӣ, бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон «Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия намудаанд, ки бахши сайёҳии он тақрибан 20 000 ҷойи корӣ дорад. Он 1% шумораи умумии шуғл дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ҷойҳои корӣ асосан дар байни бахши манзил, ғизо, нӯшокиҳо ва бахши нақлиёт тақсим карда шудаанд, ки ҳар яки онҳо 8,000 ҷойи корро ташкил медиҳанд. 70 дарсади ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар шахри Душанбе мутамарказ шудаанд. Шумораи умумии кормандон дар соҳаи саноати хизматрасонӣ 732,400 нафарро ташкил медиҳад, ки 16,400 нафарашон дар бахши меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо кор мекунанд.

Тибқи маълумоти оморӣ,  дар соли 2024 соҳаи сайёҳӣ 10% иқтисоди ҷаҳонро ташкил медиҳад. Шумораи умумии коргарон дар ин соҳа дар саросари ҷаҳон ба 357 миллион нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2% зиёд аст.

Бояд гуфт, ки бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ барои рушди сайёҳии фарҳангию таърихӣ, иқтидори бойи табиӣ барои пешрафти сайёҳии экологӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат дар ҷодаи инкишофи сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ ва муносибати некхоҳонаи аҳолӣ ифода мегардад.

Аз ин рӯ субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ҳунармандиро зарур аст, ки барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни сайёҳон ба онҳо маводи иттилоотӣ оид ба Тоҷикистон, армуғонҳо бо унсурҳои миллӣ, барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолибро омода намуда пешниҳод намоянд.

Тибқи маълумоти ба дастомада,  тайи солҳои охир беш аз 90% воридоти меҳмонону сайёҳон ба шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рост меояд.

Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, барои рушд намудани соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба ин соҳа,  пеш аз ҳама корҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ бурдан зарур аст. Ин аст, ки дар вохӯриву мулоқотҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  аз рушди соҳаи сайёҳӣ ва манфиати он дар ҷомеа таъкид мешавад.

Тибқи арёзбии коршиносони байналмилалии сайёҳӣ,  яке аз мушкилоти асосие, ки ба рушди бахши сайёҳӣ таъсир мерасонад, нарасидани мутахассисон мебошад.

Коршиносони байналмилалии соҳа ба он назаранд, иқтидори пурраи сайёҳии Тоҷикистон бояд устуворона ташкил ва идора карда шавад.

Ба гуфтаи коршиносон,  қариб 60-70 дарсади ҷаҳонгардон бо ибтикори худ ё дӯстон ба Тоҷикистон меоянд. Дар мавриди  хуб меҳмондорӣ шудан ва таассуроти нек бардоштан, онҳо ҳатман дӯстону шиносонашонро барои сафар ба Тоҷикистон ҳидоят месозанд.

Давлатҳое, ки бештар ба қабули сайёҳон машғуланд. кӯшиш менамоянд, ки бо дипломатияи нарми фарҳангию сиёсӣ муносибатро ба мамлакатҳои содиркунандаи ҷаҳонгардон ба давлати худ роҳандозӣ намоянд. Зеро рушди сайёҳии байналмилалӣ дар ин кишварҳо барои пойдории иқтисоди миллӣ, ташкили шуғли пурмаҳсул ва даромади арзӣ боис гаштааст.

Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтааст, ки барои  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи давлат ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохўриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Тоҷикистон бо захираҳои бойи обию энергетикӣ кишвари сарсабз ва хуррам аст ва мо метавонем дар ин самт бо дарназардошти табодули таҷриба ба як мамлакати пешрафтаи сайёҳии экологӣ мубаддал гардем.

Заминаи татбиқи ин гуфтаҳо ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ва қабули санадҳои дахлдор бо мақсади ба кишвари «сабз» табдил додани Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар маҷмӯъ метавонанд ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлат, хусусан соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас мерасонад. Он ба баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Маҳз Ваҳдати миллӣ — рукни асосӣ ва муҳим давлати тозаистиқлоли тоҷиконро таҳким бахшид
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»