Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст

Июнь 22, 2025 11:26

ДУШАНБЕ, 22.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ —  эҳтироми мутақобили гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки дар чаҳорчӯби як давлат ва як ормон зиндагӣ мекунанд. Ин ваҳдат ҳамзамон пос доштани арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки моро бо ҳам мепайвандад. Имрӯз масъулияти ҳамаи мо — сиёсатмадорон, зиёиён, ҷавонон ва қишрҳои фаъоли ҷомеа аст, ки ин ваҳдатро на танҳо муҳофизат кунем, балки дар заминаи он фарҳанги нави ҳамзистӣ ва таҳаммулро парвариш диҳем. Чунин изҳори назар намудааст муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн ҷашн гирифта мешавад, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот сабт шудааст.Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки баъд аз соли 1997 Тоҷикистон ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, эҳё ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ қадами устувор гузоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбари ҷомеа, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа нақши муассир дорад. Таърихи фаъолияти Халқии Демократии Тоҷикистон ва барномаи амалии он бар пояи арзишҳои ваҳдатофар, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди устувори ҷомеа асос ёфтааст.

Имрӯз, ки Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ қарор дорад, нигоҳи хирадмандона ба масъалаи ваҳдат аҳамияти хоса касб мекунад. Ваҳдат танҳо як падидаи сиёсӣ нест, балки заминаи устувори рушди давлатдорӣ, сармоягузорӣ, амният, фазои ором, барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ ва муҳимтар аз ҳама атрофи арзишҳо ва идеяи миллӣ муттаҳид намудани ҷомеа маҳсуб мешавад.

Маҳз ваҳдат буд, ки имкон дод, имрӯз мо ба давлати рӯ ба рушд табдил ёбем. Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, роҳу пулҳои стратегӣ, мактабу донишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангиву варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ ва тамоми инфрасохтори муҳими ҷумҳурӣ маҳсули заҳмати мардуми шариф ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад, ки он ба шарофати ваҳдати миллӣ фароҳам омадааст.

Яке аз вазифаҳои асосии ҳизб ва сохторҳои он дар шароити муосир тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Мо бояд насли ҷавонро бо таърихи ваҳдати миллӣ шинос намоем, то онҳо арзиши сулҳу суботро дарк карда, дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳмгузор бошанд. Агар мо хоҳем, ки сулҳ, амният ва ваҳдати миллӣ пойдор бимонанд, бояд ин наслро дар рӯҳияи Ваҳдати миллӣ тарбия намоем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон намоде аз посдории сулҳ, якпорчагии миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳанпарастист. Мо  намояндагони ин ҳизби пешбар, бояд ҳамеша дар хизмати миллат, таҳкими ваҳдат ва суботи давлат бошем, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии ҷомеа ва такягоҳи устувори сиёсати миллӣ, ҳамеша дар сафи пеши мубориза барои суботи сиёсӣ ва рушду тараққиёти устувори мамлакат қарор дорад. Ин ҳизби сиёсӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда, ташкил ва баргузории чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ дар байни мардум, хоса ҷавонон нақши меҳварӣ дорад.

Дар Барномаи созандаи Халқии Демократии Тоҷикистон, мавқеи ваҳдатгароӣ ва ғояи муҳаббат ба Ватан ҳамчун меҳвари асосии фаъолияти сиёсии  қарор дорад. Бо ибтикори Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ҳамасола садҳо мулоқоту ҳамоишҳо, аксияҳо ва форумҳои ҷавонон таҳти шиори ваҳдату ҳамгироӣ доир мегарданд. Ин ҳама талошҳо ба он равона гардидаанд, ки рӯҳияи ҳамзистӣ ва худшиносии миллӣ дар зеҳни ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврас, ҷойгоҳи арзишманд дошта бошад.

Бештари барномаҳои тарбиявии ҳизб ба баланд бардоштани сатҳи шуури сиёсии шаҳрвандон, таҳкими арзишҳои волои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва пос доштани сулҳу субот нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳизб, барои таблиғи арзишҳои ваҳдати миллӣ минбари боэътимоде эътироф шудааст.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар оянда низ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ва халқи Тоҷикистон бо иродаи устувор, сиёсати созанда ва хизмат ба миллат дар хатти аввал қарор хоҳад дошт. Пешбурди идеяҳои ваҳдат, худшиносии миллӣ ва суботи ҷомеа аз вазифаҳои муқаддаси мо буда, онро бо дилу нияти соф иҷро хоҳем кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меъмори ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд, таъкид кардаанд, ки: «Ваҳдати миллӣ неъмати азизу муқаддас аст, ки онро бояд ҳамчун гавҳари ноёб эҳтиёт ва ҳифз намоем». Ин сухан дастур ва ҳушдор барои насли имрӯз ва оянда аст.

Пас биёед, ин неъмати бебаҳои миллӣ — ваҳдатро бо тамоми ҳастии худ ҳифз кунем. Зеро ояндаи миллат, рушду пешравии мамлакат аз ваҳдат ва ҳамгироии ҳар фарди солимфикри ҷомеа вобаста аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 22, 2025 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ. Ва ё қадаме ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи сайёра
ЧИСТ ПАРЧАМ? ИҚТИДОРИ МИЛЛАТ АСТ! Ба Рӯзи Парчами давлатӣ бахшида мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ фаъолият менамояд
Парчам- рамзи ифтихор, пояи давлатдорӣ ва оинаи ҳувияти миллӣ
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ мебошад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОҲИБМАКТАБ ВА СИЁСАТМАДОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Президенти Тоҷикистон давоми се даҳаи истиқлол тавонистанд давлатро ба пояи устувори иқтисодӣ ва маънавӣ расонанд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ- ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Президенти Тоҷикистон миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардониданд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст