Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад

Июнь 26, 2025 10:14

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ташаккулёбии ҳар давлату миллат марҳилаҳои тақдирсоз ва гардишҳои ҳалкунандае рух медиҳанд, ки ҳамчун омили асосии сарҷамъӣ ва бақои миллат баромад намуда, дар роҳи навсозиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, инчунин худшиносиву худогоҳӣ ва рушду камоли миллат аҳамияти фавқулодда бузург касб менамоянд. Ин омил ба даст овардани Ваҳдати миллист, ки он ҳамчун дастоварди нодир ва беназири миллат, ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатамон нақши бузург ва муассир дорад. Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон  Наима Солизода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, баён намудааст. Дар зер мақолаи мазкур пешниҳод мегардад.

— Миллати фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик дар фароварди садаи ХХ соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Аз ин лиҳоз,  метавон гуфт, ки миллати сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки миллатамонро аз вартаи парокандагӣ ва ватанамонро аз хатари нобудӣ раҳо дода, дар таърихи мо – тоҷикон санади тақдирсоз мебошад, қарор доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизи мо дар тӯли зиёда аз 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ бидуни шак ба дастовардҳои хело зиёд мушарраф гардидааст, аммо муҳимтарин ва бузургтар аз ҳамаи онҳо дарёфти сулҳу оштӣ мебошад.

Падидаи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комили ҷомеа буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Миллати шарафманд ва сарбаланди тоҷик хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта, ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа, хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд.

Дар ин марҳилаи муҳимми тақдирсоз, бо такя ба сабақҳои таърихӣ ва хиради азалии мардуми фарҳангсолори тоҷик, хосатан, иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар кӯтоҳтарин муддат пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем ва нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем.

Дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷонисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда доштанд, аҳамияти бориз дорад. Дар чунин шароити буҳронӣ душманони дохилию хориҷии мамлакат мехостанд, бо манофеи геополитикии худ ҳуввияти миллӣ, расму русум, таърих, забон ва фарҳанги куҳану миллии мардумро аз байн бурда, моро пойбанди идеологияи бегона намоянд. Ҷангу низоъҳои хунини даставӣ ва минтақавии мамлакат, ки дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо ва монографияҳо бо номҳои гуногун дарҷ  гардидааст, боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Хушбахтона,  дар ин лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос бахт ба рӯйи миллати тоҷик хандида, фарзанди фарзона ва номбардори миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, Тоҷикистони нав ба истиқлолрасидаро аз чанголи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ наҷот доданд.

Аз ин рӯ, ба боварии комил метавон гуфт, ки Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиатномаи хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин зикр намуда буданд: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони баруманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Баъд аз баргузор гардидани иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ҷумҳурӣ роҳи ҳаёти осоиштаро пеш гирифт. Дар назди ҳукумати қонунии навтаъсиси Тоҷикистон вазифаҳои ниҳоят мушкил, аз он ҷумла бо роҳи гуфтушуниди сулҳомезона ба даст овардани ризоияту созиши умумият, ҳарчи зудтар хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва инчунин бартараф намудани оқибатҳои он меистод.

Мавриди тазаккур  аст, ки дар барқарор гардидани сулҳу суботи сартосарӣ дар Тоҷикистон саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Сарвари давлат  бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқуллода мамлакатро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварданд.

Бо таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ,  мардуми Тоҷикистон ба дастдовардҳои бузург ноил гашта, кишвари мо сол сол ободу пешрафта мегардад.  Ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат дар якҷоягӣ талош намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2025 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ТАҲКИМИ СУЛҲ ДАР МЕҲВАРИ ТАШАББУСҲО ВА ХИРАДИ АЗАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи сарфарозгардонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?