Ваҳдати миллӣ – ҳифзи он рисолат ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад

Июнь 21, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу оромӣ ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамояд. Таҷрибаи беназири сулҳофаринии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имрӯз ҳамчун намунаи нодири ҳаллу фасли буҳрони дохилӣ тавассути гуфтугӯ ва ризоияти миллӣ эътироф шудааст. Ин матлабро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода дар мақолааш бахшида ба ин ҷашни фархуна, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён намуд. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.

— Дастоварди таърихӣ ва самараи Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама аз хиради сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз сулҳ ба марҳилаи нав – эҳёи давлатдорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлол ворид шуд.

Ваҳдат на танҳо заминаи сулҳ, балки шарти аслии пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллат аст. Ҳамин буд, ки бо шинохти амиқи ин зарурат, пас аз ба даст омадани сулҳ, равандҳои ислоҳоти сиёсӣ ва ташкили сохторҳои давлатӣ бошитоб роҳандозӣ шуданд. Сохторҳои идоракунӣ аз нав созмон дода шуданд, Конститутсия қабул гардид, интихоботи умумимиллӣ ташкил шуд ва мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ фаъол гардиданд. Ин ҳама дар фазои ваҳдату суботи миллӣ имконпазир гашт.

Сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба эҳёи анъанаҳо, забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ равона гардид. Маҳз бо дар ин росто ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мешаванд, ки ин худ ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии умумимиллӣ мусоидат менамояд.

Барқарории сулҳу субот ва татбиқи ваҳдати миллӣ дар мамлакат шароити мусоиди рушду тараққиётро фароҳам овард. Дар муҳити устувори сиёсӣ ва амнияти дохилӣ иқтисоди миллӣ рӯ ба афзоиш ниҳод. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сол ба сол беҳтар шуда, сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ фароҳам гардид. Тоҷикистон дар тӯли як даҳсолаи охир ба яке аз давлатҳои пешоҳанги минтақа дар татбиқи барномаҳои энергетикӣ ва инфрасохторӣ табдил ёфт. Ҳамзамон, бо пешбурди сиёсати фаъоли хориҷӣ ва ҳузури ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар самти амнияти об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускору боэътимод муаррифӣ гардид.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ваҳдат дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мамлакат муҳим аст, ки тарбияи насли нав дар руҳияи ваҳдат, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ тақвият ёбад. Инчунин — дар замони хавфу хатарҳо ва омилҳои таъсиркунанда ба тафаккури насли нав бояд омӯзиши таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат ва аҳаммияти сулҳу оромӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таълимии миллӣ бештар карда шавад. Ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нигоҳдории арзишҳои сулҳ ва субот ҳамкории фаъол намоянд.

Сулҳ ва ваҳдат на танҳо мафҳумҳои забонӣ, балки рукнҳои аслии ҳастии миллат ва ҳастии давлат мебошанд. Сулҳ — рамзи осоишу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат — кафили ҳастии миллат, суботи ҷомеа ва рушди ояндасоз аст. Танҳо дар партави ваҳдату ҳамгироӣ метавонем ба сӯйи фардои дурахшон роҳ боз кунем. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ моро ба ин воқеият мерасонад, ки сулҳу субот арзишест, ки бояд ҳар лаҳза ҳифз гардад.

Тавре Президенти мамлакат таъкид намудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. Дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардидем, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Дар ҳамин замина, ифтихори миллӣ, ватандорӣ ва пуштибонии ҳамешагии сулҳу ваҳдат бояд вазифаи виҷдонӣ ва рисолати ҳар як шаҳрванди мамлакат бошад. Чун ваҳдат на танҳо хотира, балки рисолат ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа буда, ҳифзи он кафолати пойдории давлат ва пешрафти миллат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост