ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ

ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад, муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва оғози марҳалаи навин дар рушду такомули давлатдории тоҷикон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро овард».
Таърих гувоҳ аст, ки ризоят дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ кафили истиқлоли ҳар як давлат ва устувории он дар пешорӯи таҳдиду хатарҳо мебошад. Дурустии ин фикрро мисолҳои зиёде аз таърихи давлату миллатҳо, бахусус таърихи пурпечутоби давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик, тасдиқ менамоянд.
Бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ, ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, боиси ҳалокати зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрванд ва гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар сокини ҷумҳурӣ гардид.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият бозмонда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбон, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ вайрону валангор ва иқтисодиёт фалаҷ гардида, хавфи аз даст рафтани истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат ба вуҷуд омад.
Дар ин шароити ниҳоят душвори таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он шаҳрвандон бо боварию эътимод ва умед ба ояндаи дурахшони мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифаи басо муҳиму пурмасъул интихоб намуданд.
Роҳбари ҷавони давлат ваҳдати миллиро ҳамчун заминаи ба даст овардани сулҳу осоиш ва ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа арзёбӣ ва кӯшишҳои худро дар навбати аввал ба ҳамин мақсад равона намуданд.
Ҳанӯз 19 марти соли 1997 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат Сарвари давлат зарурати ба вуҷуд овардани фазои сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоиеро, ки барои тавлиду густариши як мафкураи муттаҳидсозанда – ваҳдати миллӣ мусоидат намояд, таъкид намуданд.
Моҳият ва ҳадафҳои ин мафҳумро шарҳ дода, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки: «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад. Яъне, мо метавонем доир ба ҳалли ин ё он мушкилоти дохилӣ, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ғайра назари мухталиф дошта бошем, вале дар мавриде, ки масъалаҳои вобаста ба бақою ҳастии миллат ва давлат ба вуҷуд меоянд, ҳама қишрҳои ҷомеа, неруҳои сиёсӣ, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, умуман тамоми мардум бояд яктану муттаҳид бошанд».
Дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва хотима додани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Роҳбари давлат музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ҳалли масъалаҳои гурезагон ва ба даст овардани эътимоду боварии мардумро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа муайян намуданд. Дар ин раванд ҳафт маротиба мулоқоти бевосита бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар раванди музокирот нақши асосӣ доштанд.
Бо ин саъю кӯшишҳо ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ ҳамдигарфаҳмӣ ба даст омада, 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд.
Ин дастовард аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни олам мавриди омӯзиш ва истифода қарор дорад.
Барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо, аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоршуда, халъи силоҳ, пароканда намудани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи силсилаиқдомоти камназир дар ин ҷода мебошанд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат анҷом шуданд.
Дар он солҳои мудҳиш дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, чунин вазъият оромии сокинони мамлакат ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор менамуд. Дар робита ба ин, ҷиҳати халъи силоҳ тадбирҳои муассир андешида шуда, зиёда аз 45 ҳазор силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ, ки метавонистанд барои солҳо идома ёфтани нооромиҳо сабаб гарданд, мусодира гардид.
Таъмини воқеии ваҳдати миллӣ аз роҳбарияти давлат, қабл аз ҳама, ташаккули кишвари воҳид, риояи тавозун дар иштироки намояндагони маҳалҳо дар идоракунии давлатӣ, таъмини рушди баробари иқтисодии минтақаҳо ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардумро тақозо менамуд.
Бинобар ин, шуруъ аз ҳамон солҳои душвор, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, нақбу пулҳо ва дигар инфрасохтор байни минтақаҳо оғоз гардида, дар ин раванд Тоҷикистон ба як кишвари аз лиҳози ҷуғрофӣ воҳид табдил дода шуд.
Ба андозаи таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мақомоти миллии қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҳамчун шохаҳои мустақили ҳокимият такмил дода шуда, принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият дар амал таъмин гардид.
Дар ин раванд, ҷиҳати таъмини намояндагии баробари минтақаҳо дар мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ палатаи болоии парлумони кишвар – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз миқдори баробари намояндагони ҳар минтақа ташаккул дода шуд.
Бар асоси қонунгузории кишвар манфиатҳои миллӣ, хусусиятҳои марҳалаи кунунии рушд, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, анъана ва расму оинҳои мардумӣ бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ гузошта шуда, заминаи ҳуқуқӣ барои рушди давлатдории миллӣ ташаккул ёфт.
Амалан дар ҷойи холӣ Артиши миллӣ ташкил ва бо силоҳу лавозимоти муосири ҷангӣ таъмин шуда, Қувваҳои Мусаллаҳ ба сипари боэътимоди Ватан дар пешорӯи таҳдидҳо ба истиқлолият ва тамомияти арзии он табдил ёфтаанд.
Дар кишвар ислоҳоти фарогири иқтисодӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили низоми миллии буҷету андоз ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.
Дар ин раванд, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ интихоб ва пайгирӣ гардиданд.
Зимни татбиқи ин ҳадафҳо суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, аз рӯи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои ҷаҳон дар даҳгонаи аввал, кишварҳои фазои пасошуравӣ бошад, дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайгирӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои зиёд андешида шуданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ, тарбияи наслҳои имрӯза дар руҳияи эҳтиром ва ифтихор аз мероси бузурги илмию фарҳангии миллат ҷашну чорабиниҳои муҳим баргузор карда шуданд.
Бо назардошти аҳамияти ғояҳои инсонпарваронаи чеҳраҳои барҷастаи илму адаби миллати тоҷик Имом Абуҳанифа, Ҷалолиддини Балхӣ, Имом Ғазолӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташаббускори симпозиуму семинарҳои зиёди байналмилалӣ бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти онҳо баромад намуд.
Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада, мусиқиҳои қадимаи Шашмақом ва Фалак аз нав эҳё гардида, ҷиҳати пешрафт ва бузургдошти забони тоҷикӣ иқдомоти зиёд амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои пайваста оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ амнияту субот дар ҷомеа таъмин гардида, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон табдил ёфт.
Гувоҳи дигари таъмини амнияту субот афзоиши ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар буда, дар ҳоле ки соли 2000-ум шумораи сайёҳони хориҷӣ камтар аз 100 ҳазор нафарро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 1 миллиону 285 ҳазор нафар расидааст.
Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушод» ва пешниҳоди ташаббусҳои муҳим оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёти сайёра мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, ба сифати кишвари дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ саҳмгузор шинохта шудааст.
Аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти сайёра ва мубориза бо таҳдидҳои навини ҷаҳони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм низ саҳми беназир доранд.
Тайи солҳои охир бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе ду конфронси сатҳи баланд доир ба ин мавзуъ баргузор гардида, ин ҳамоишҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун платформаи нави байналмилалии муқовимат бо экстремизм ва терроризм таҳти унвони «Раванди Душанбе» эътироф гардид.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар байни роҳбарони кишварҳои дуру наздик аз эҳтироми хосса бархӯрдор мебошанд. Чунончи, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар нишасти аввалини сарони давлатҳои «Чин – Осиёи Марказӣ» ба Пешвои миллати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, чунин баён намуд: «Шумо, Ҷаноби Президент дар байни мо – сарони давлатҳо шахси аз ҳама бонуфуз ва бунёдгузори Созмони ҳамкории Шанхай мебошед. Шумо сиёсатмадори хирадманд, кордон ва дурбин ҳастед, фикру мулоҳизаҳои Шумо барои мо фавқулода муҳим аст».
Дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо дастоварди таърихӣ, балки мояи ифтихор, рамзи бақои давлат ва шарти рушди устувори ҷомеа мебошад. Таҷрибаи талхи солҳои навадум собит сохт, ки миллат танҳо замоне метавонад дар арсаи таърих поянда монад, ки дар асоси ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба манфиати умум барномарезӣ ва амал намояд.
Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст, ҳифз ва тақвияти ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватанпарвар ва масъули ҷомеа мебошад.
Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки ба тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва гиромидошти ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд, шуруъ аз боғча то мактабу муассисаҳои таълимӣ, саъю кӯшиш намоем.
Бовар дорем, ки хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби наслҳои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз ҳамеша қадрдонӣ гардида, корномаи дурахшони ин абармарди таърих роҳи моро ба сӯи оянда боз ҳам равшантар хоҳад намуд.
Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-лейтенанти адлия