ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ! Андешаҳои судяи Суди шаҳри Истиқлол Фарзона Ғафурзода дар ин мавзуъ

Июнь 10, 2025 12:42

ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли 1997 баъди имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки 27 июнро дар ҷумҳурӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ҷашн гирем». Ин пешниҳодро мардуми Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта, инак 28 сол мешавад, ки аз шарофати ваҳдати миллӣ хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ободу ором ва макони меҳру муҳаббату хушбахтӣ гардидааст. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи судяи Суди шаҳри Истиқлол Фарзона ҒАФУРЗОДА бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн), ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур манзури хонандагон мегардад.

— Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд. Шукрона, ки мо ба ваҳдат омадему имрӯз аз сарзамини ободу оромамон ифтихор дорем.Тавре шоир фармудааст:

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,
Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,
Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди он оғоз намоем.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Воқеан, ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азизу муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем.

Қаҳрамонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.

Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба дастовардҳо ноил гардида, ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ дахҳо барномаҳо, стратегияҳо амалӣ мешаванд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз аст, ки бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд имконнопазир буд.

Он дарахте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину лазизи он самар оварда истодааст, ки бо он мо – тоҷикон ифтихор месозем.

Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба вуҷуд овард.

Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдатро ба мамлакатҳои Осиё, ба суйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин дастовард боиси эҳёи арзишҳои миллии “Роҳи бузурги абрешим” гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.

Мо, шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем.

Аз мо, фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ҷузъ ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расем. Даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, содиқона ба он хизмат кунем.

Ваҳдати миллиамонро, ки бақои миллат аст, ҳифз намуда, баҳри пойдории он пайваста дар талош бошем.

Фарзона ҒАФУРЗОДА,
Судяи Суди шаҳри Истиқлол

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 10, 2025 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст