Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад

Июнь 23, 2025 15:59

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳалаҳои гуногуни рушди давлатдории миллӣ, ислоҳоти сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ислоҳоти конститусионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани иштироки халқ дар раванди идоракунии давлатӣ ба вуқӯъ пайваст. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки парлумон бояд минбари дифои манфиатҳои мардум бошад ва вакилон масъулияти баланд дошта бошанд.

Бояд гуфт, ки парламентаризм ҳамчун як институтҳои вижаи сиёсӣ ва чун арзиши ҳадфмандонаи давлатҳо ҳанӯз дар солҳои 1990 асри гузашта ба назария ва амалияи марҳилаҳои аввали бунёди давлатҳои пасошӯравӣ ворид гашт.

Даврони истиқлол, пайдарпайи роҳи парламентаризмро дар Тоҷикистон тақозо намуда, пояҳои онро дар асоси ташкилу фаъолитяи принсипҳои таҷзияи ҳокимият, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ ва демократия мустаҳкам намуд.

Раванди ташаккули парламентаризм дар Тоҷикистон ва ҷанбаҳои ҷудогонаи он хусусиятҳои хоси худро доранд, ки бо шароити махсуси мамлакат вобастагӣ доранд. Ҷойи муҳимро дар таҳаввули парламентаризм, Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ишғол мекунад. Ин санади муҳими давлатӣ принсипҳо ва меъёрҳои умумэътирофшудаи  ташкилу фаъолияти ҳокимияти давлатиро, аз ҷумла онҳое, ки ба парлумон ва парламентаризм марбутанд, эътироф ва таҳким бахшид. Масалан, дар банд 3-и ин ҳуҷҷат қайд шуда буд, ки «ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон бар асоси принсипи таҷзияи он ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешавад». Муқаррароти мазкур аввалин ишораи меъёрие буд, ки муҳимтарин принсипи парламентаризм — яъне таҷзияи  ҳокимият ва эътирофи парлумон ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ  дар радифи ҳокимияти иҷроия ва судӣ расман пазируфта шуд.

Аз ҷониби дигар бо таҳкими ин принсип дар Эъломия заминаи бунёдии ташаккули парламентаризмро ба вуҷуд омада,  асос барои  таҳияи Конститутсияи нави мамлакат гардид.

Қадами муҳимми навбатӣ дар марҳалаи ташаккули парламентаризм қабул шудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон (соли 1994) буд. Ин санади тақдирсоз ва сарнавиштсози ҷумҳурӣ принсипҳои давлатдории демократӣ ва ҳуқуқиро таҳким бахшид, ки онҳо пояи устувори ташаккули парламентаризм ва таъсиси ҳокимияти қонунгузор дар мамлакат гардиданд.

Мутобиқи Конститутсияи 1994, дар баробари принсипҳои эълон доштани ҷумҳурӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ дар ҷомеа, таҳкими плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ, волоияти Конститутсия ва қонунҳо, эътирофи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат ва бартарии онҳо бар қонунҳои дохилӣ, ҳамчунин принсипҳои хоси парламентаризм ба монанди  амалӣ шудани қонунҳо танҳо баъд аз интишори расмии онҳо,  иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлат тавассути намояндагони худ, эътирофи парлумон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва ягона мақоми қонунгузории давлат,  мандати вакилӣ ва изҳори иродаи озоди ӯ,  дахлнопазирии вакилон мустаҳкам карда шуданд.

Бояд гуфт, ки баъзе аз ин принсипҳо натавонистанд фавран баъд аз марҳилаи ибтидои ислоҳоти конститутсионӣ ба таври комил амалӣ шаванд, зеро ҷомеа ва давлат дар ҳолати гузариш аз сохти тоталитарии шӯравӣ ба ҷомеаи демократӣ қарор дошт. Чунин ба назар мерасид, ки ҳанӯз шаклҳои кӯҳнаи тафаккур ва усулҳои кор, анъанаҳо ва рӯҳияи давраи шӯравӣ хеле пурзӯр буданд. Барои рафъи онҳо ва ба тадриҷ иваз кардани онҳо бо арзишҳои нав вақт лозим буд.

Мусаллам аст, ки ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он на танҳо рамзи ягонагии миллат ва пояи суботи дохилӣ мебошад, балки асоси пешрафти устувори ҷомеа ва давлат аст. Дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ҳамчун як нерӯи бузурги созанда ва омили таҳкими давлатдорӣ нақши калидӣ бозидааст.

Тантанаи ваҳдат, расидан ба сулҳ ва ризояти миллӣ, ба имзо расидани Созшномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ аз  27 июни соли 1997  дар баробари дигар масъалаҳо, ҷанбаҳоеро дар бар мегирифтанд, ки  барои ташаккули парламентаризм аҳамияти хоса доштанд. Қисми сеюми рӯзномаи музокироти байни-тоҷикон «Масъалаҳои асосии сохтори конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошт. Дар ин бахш масъалаҳои пешниҳоди Конститутсияи нав ва роҳҳои ҷалб намудани ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ, қонуни нави интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди рушди қонунгузорӣ муқаррар карда шуда буданд.

Яке аз шартҳои асосии ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва эътирофи гуногунандешӣ мебошад. Мақоми қонунгузор бо қабули қонунҳое, ки ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, озодии баён, озодии эътиқод ва иттиҳодияро танзим мекунанд, шароити мусоиди ҳуқуқиро барои рушди низоми ҳуқуқӣ таъмин мекунад. Аз инҷост, ки таъсиси парлумони касбӣ ва доимамалкунанда дар ҳамон замон имкон медод, ки шохаи намояндагии ҳокимият вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо ба пуррагӣ иҷро кунанд.

Дар таъсис ва рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сароғоз аз рӯзҳои аввалини шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бориз аст. Пешвои миллат барои таҳкими парламентаризм ва  ваҳдати миллӣ сиёсати ватанпарварона ва фарҳангсолориро роҳандозӣ намуда, таваҷҷуҳи хос ба эҳёи арзишҳои миллӣ, ташкили  давлати воқеъан  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки метавонад заминаи воқеъии шинохти арзишҳои демократӣ бошад зоҳир менамоянд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат барои таъмини ҳамзистии осоиштаи миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварданд. Дар мамлакат фазои таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмии динӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфт. Қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ баробарии ҳама шаҳрвандонро сарфи назар аз миллат ва эътиқоди динӣ кафолат додаст.

Тағйиру иловаҳои соли 1999 ба Конститутсия ворид гардиданд, ки марҳалаи нави ҳаёти сиёсиву ҳуқуқии мамлакатро оғоз бахшиданд. Ин тағйирот ба таъсиси парламенти касбӣ ва ду палата шудани Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам оварданд, ки нишонаи равнақи низоми демократӣ мебошад.

Бо ташаббуси Президенти мамлакат қонунҳои зиёде дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла таҳкими ҳуқуқи шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳо, интихоботи озоду демократӣ ва васеъ намудани ваколатҳои парлумон қабул гардиданд. Фаъол гардидани кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Маҷлиси намояндагон, инчунин таъсиси зерсохторҳои парлумон нишонаи рушди фарҳанги парламентарӣ мебошад.

Таҷрибаи Тоҷикистон собит сохт, ки Конститутсия на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки сарчашмаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа аст. Тағйиру иловаҳои минбаъда ба Конститутсия – бахусус дар солҳои 2003 ва 2016 – ба мукаммал гардидани низоми ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини ҳуқуқии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Дар ин ҷараён, принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамчун яке аз арзишҳои ҷомеаи мутамаддин татбиқ гардида, ба шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкон дод, ки мустақилона ва дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд.

Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ва рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим ва таърихии даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд. Онҳо ҳамчун асоси сулҳу субот, кафили волоияти қонун ва шарти муҳимми пешрафти устувори иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлат хидмат мекунанд.

Илҳом КАМОЛЗОДА,
Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳалли
Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2025 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарини ҷомеа мебошад
Абдулло Раҳмонзода: «Ваҳдати миллӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ омили наҷотбахш ва сарчашмаи эҳёи дубораи халқи тамаддунофари тоҷик гардидааст»
КИШТИ ТАКРОРӢ. Барои рӯёнидани ду ё се ҳосил аз як замин чӣ бояд кард?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мармиҷон мӯй ва нохунҳоро мустаҳкам карда, онҳоро қавӣ ва дурахшонтар месозад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои гирифтор нашудан ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рӯзи ҳамгироии миллӣ, иттиҳод ва сулҳу субот дар таърих сабт шудааст
Ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасониҳои коммуналӣ ғайринақдӣ пардохт мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли помидор фишори хунро муътадил нигоҳ медорад
Ваҳдати миллӣ – ҳифзи он рисолат ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад
Ташаббусҳои Пешвои миллат рушди ояндаи мамлакатро муайян мекунад
БАДАХШОН — ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин минтақаи кӯҳҳӣ садҳо километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ваҳдати миллӣ самари ирода, хиради сиёсӣ ва муҳаббати беандозаи Пешвои миллат ба Ватан аст»