Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид

Июль 17, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 17.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба 1 миллиарду 218 миллиону 717 ҳазору 800 сомонӣ расонида шуд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни ҷаласаи ҷамъбасти рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти ноҳия. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти даавлатии ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 112 миллиону 613 ҳазору 700 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 10,2 фоиз таъмин карда шудааст.

Инчунин дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ноҳияи Кӯшониён ба буҷети маҳаллӣ 46 миллиону 422 ҳазору 700 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 528 ҳазору 926 сомонӣ зиёд мебошад.

Ин нишондиҳанда 101,0 фоизи нақшаи муайяншударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2020-2025» 210 лоиҳаро ба маблағи 252,4 миллион сомонӣ дар бар гирифтааст. Ба ҳолати 1 июли соли равон 83 лоиҳа ба маблағи 144,6 миллион сомонӣ ба иҷро расидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти даавлатии ноҳияи Кӯшониён

Июль 17, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад