Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷаласаи шашуми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба масъалаи ҳифзи муҳити зист баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода доир ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор сухан намуд.
Баҳодур Шерализода инчунин доир ба саҳмгузории Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ибрози назар кард.
Дар доири Ҷаласаи шашумин роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири экология ва муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Жунтсю доир шуд.
Дар он ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории институтисоналиро баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






