Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл ҳайати мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва маркази матбуоти филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Сафари ҳайати олимону донишмандон ба Тоҷикистон дар доираи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ пас аз ташрифи сарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2025 ба вуқуъ пайваста буд, баргузор гардид.
Меҳмонон бо инфрасохтор, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири озмоишӣ, равандҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ ва пешниҳоди маълумот ба аҳолӣ вобаста ба маҳфузгоҳҳои радиоактивие, ки дар вилояти Суғд ҷойгиранд, шинос шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид. Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳамзамон мубодилаи таҷриба изҳори омодагӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологӣ баррасӣ шуданд. Намояндагон аз кишварҳои ҳамсоя фаъолияти филиали Агентӣ дар вилояти Суғдро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 августи соли 2022 бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040), инчунин Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран бунёд гардидааст.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






