Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид

Июль 17, 2025 12:48

ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ «байнӣ ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо» ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Созишнома аз ҷониби директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федеролии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ ба имзо расонида шуд.

Созишнома барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, интиқоли мол ва мусофирон тавассути алоқаи ҳавоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин ин санад ҳамкориро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон аз кишварҳои халиҷӣ замина мегузорад.

Ин созишнома ба ширкатҳои ҳавоии ватанӣ имкон медиҳад, ки тавассути Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳоро ба дигар давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, ҷуғфорияи парвозҳои худро васеъ намоянд.

Созишномаи имзошуда қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкории стратегӣ ва рушди робитаҳои нақлиётии байни ду давлат арзёбӣ мегардад.


Ёдовар мешавем, ки 16 июл мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федералии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ доир гардид.

Дар оғози мулоқот ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, барои афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ ва беҳтар гардондани сифати хизматрасонии авиатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, хусусан дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо ҳадафи рушди ҳамкории иқтисодӣ ва рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки айни замон байни Душанбе ва Дубай хатсайри мустақими ҳавоӣ фаъол аст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии «Сомон Эйр» ва «FlyDubai» анҷом дода мешавад.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими бештари ҳамкорӣ дар самти афзоиши шумораи парвозҳо ва соддагардонии раванди сафарҳо иброз карданд.

Аз ҷумла ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабиро баррасӣ намуданд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2025 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд